ПОЙТАХТ — СИМОИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ, 19.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз соли 2005 дар мамлакат шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Ин шаҳр маркази умеду орзуҳои тоҷикистониён ва тамоми тоҷикони ҷаҳон мебошад. АМИТ «Ховар» ба муносибати таҷлили Рӯзи пойтахт иқтибосҳоро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод менамояд.
— Пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст!
***
Душанбе ин рамзи пирони барнодилу бунёдкор мебошад, ки умри азизи хешро барои эҳёи пойтахти замонавии тоҷикон сарф намудаанд.
***
Душанбе ин рамзи ҷавонони умедбахшу сарбаланд аст, ки дар корхонаҳои саноатию муассисаҳои таълимӣ ба хотири пешрафти ояндаи Тоҷикистон кору таҳсил мекунанд ва содиқона заҳмат мекашанд.
***
Душанбе- ин рамзи кӯдакони некбахту хуштолеъ аст, ки мисли гулҳои рангоранг арзу тӯли пойтахт ва зиндагии моро зебу зиннат мебахшанд.
***
Душанбе рамзи муқаддаси давлатдорӣ ва симои Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки фарзандони бонангу номуси он бояд ин симоро ҳамеша поку равшан ва беғубор нигоҳ доранд.
***
Пойтахт воқеан гаҳвораи камолот ва инкишофу пешрафти миллат буда, ягон давлати соҳибтамаддуни олам бе марказҳои тавонои илмию фарҳангӣ вуҷуд дошта наметавонад.
***
Миллати соҳибфарҳанги тоҷик, ки ҳазорҳо сол қабл аз ин дорои низоми хосаи давлату давлатдорӣ ва пойтахтҳои ободу фарҳангпарвар буд, бо оини деринаи шаҳрсозиву шаҳрдорӣ, инчунин бунёди марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ шуҳрати оламгир ёфтааст.
***
Дар қаламрави ҷумҳурии мо шаҳрсозию шаҳрдорӣ авҷ гирифта, Душанбеи тозабунёд ба чаҳор самт вусъат ёфт ва чун пойтахти нави давлати тоҷикон шуҳрат пайдо намуд.
***
Шаҳри Душанбе шаҳри ҷавони куҳанбунёд, шаҳрест, ки шоҳиди бисёр воқеаҳои таърихӣ, падидаҳои сиёсию фарҳангӣ, рӯзҳои вазнину фоҷиабор ва шодмонию ҷашнҳо мебошад.
***
Имрӯз мо бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пойтахти давлати азизи худ — шаҳри Душанберо хонаи умеди тамоми тоҷикон ва форсизабонони олам медонем.
***
Шаҳри Душанбе дар радифи ҳамаи шаҳрҳо ва пойтахтҳои қадимаи давлати тоҷик қарор ёфта, рисолати муқаддасу бошараф, яъне маркази маъмурии мамлакат, илму фарҳанг ва муттаҳидкунандаи миллатро бар дӯш гирифтааст.
***
Ин шаҳр намунаи барҷастаи фарҳанги давраи таърихии Юнону Бохтариён ва Кушониён мебошад. Мувофиқи шаҳодати бозёфтҳои археологӣ, Душанбе дар қатори шаҳрҳои куҳани Осиёи Миёна, аз ҷумла Бухоро, Самарқанд, Кӯлоб, Истаравшан ва Хуҷанд қарор дорад.
***
Имрӯз Душанбе шаҳри сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ гардидааст.
***
Пойтахт симои миллату мамлакат, маркази илму тамаддун ва пойгоҳи маърифат аст.
***
Ҳусни пойтахт ҳусни миллат аст ва ободию шукуҳи он маънои ободии кулли сарзамини тоҷиконро дорад.
***
Шаҳри Душанбе бояд ҳамеша ободу зебо, бонизому хуштарҳ бошад ва чеҳраи воқеии Тоҷикистонро инъикос карда тавонад.
***
Шаҳри Душанбе яке аз пойтахтҳои ҷавони Осиёи Марказӣ мебошад, ки онро падарону бобоёни мо аввали солҳои бистуми асри гузашта- дар айни ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ сохтаанд.
***
Дар ҷаҳон пойтахтҳои зебову маҳбуб хеле зиёданд, вале барои мо – тоҷикон, табиист, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе аз ҳама зеботару маҳбубтар аст.
***
Дар таърихи ҳар халқу миллат пойтахт дар самти рушду такомули давлатдорӣ, пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии он нақши калидӣ мебозад.
***
Шаҳри Душанбе минбаъд низ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии мамлакат мавқеи пешоҳангиро нигоҳ медорад.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад






