Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд

Апрель 4, 2025 19:40

ДУШАНБЕ, 04.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои иқтидори бузург барои истифодаи энергияи устувор, аз ҷумла энергияи бод, офтоб, об ва геотермалӣ мебошанд. Дар ин хусус имрӯз Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен зимни суханронӣ дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони «Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ» таъкид намуд.

Дар идома ӯ изҳор дошт, ки маҳз ба ҳамин хотир Иттиҳоди Аврупо ба энергияи тоза дар тамоми минтақа сармоягузорӣ мекунад.

«Масалан бояд аз Неругоҳи азими барқи обии «Роғун» дар Тоҷикистон ва Неругоҳи барқи обии «Камбарота» дар Қирғизистон ёдовар шавем. Онҳо энергияи кофиро на танҳо барои кишварҳои худ тавлид менамоянд, балки энергияи онҳо ба содирот дар тамоми Осиёи Марказӣ низ равона мегарда», — ёдовар шуд Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо.

Урсула фон дер Ляйен тазаккур дод, ки неругоҳҳо саноатҳои нави стратегиро, аз ҷумла дар бахши коркарди ашёи хом бо энергия таъмин хоҳанд намуд.

«Неругоҳҳо барои таъмини неруи барқ барои долонҳои нақлиётии мо, ки онҳоро имрӯз муҳокима кардем, мусоидат менамоянд, — гуфт ӯ. — Онҳо барои истеҳсоли гидрогени тоза, ки метавонад ба хориҷа содирот карда шавад, кумак хоҳанд намуд».

Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо таъкид намуд, ки ин лоиҳаҳо ба ҳамагон манфиатовар хоҳанд буд.

«Онҳо истиқлолияти энергетикии моро таъмин намуда, робитаҳои тиҷоратиро беҳтар мекунанд ва барои тамоми сайёраи мо ҷиҳати ҳифзи иқлим ва табиати он судовар хоҳанд буд», — гуфт дар фарҷом Урсула фон дер Ляйен.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Апрель 4, 2025 19:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон