Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд

Апрель 4, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 04.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳон дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки имрӯз дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» яке аз самтҳои ояндадор арзёбӣ намуданд. Дар ин замина Сарвари давлати Тоҷикистон афзуданд, ки масъалаи рушди энергетика бо назардошти афзудани талабот ба неруи барқ торафт хусусияти муҳим касб мекунад ва аз ин рӯ, яке аз самтҳои ояндадор дар минтақаи мо ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаи «сабз» мебошад.

Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки «барои Тоҷикистон бахши энергетика, яъне манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки ба он гидроэнергетика низ дохил аст, на танҳо барои қонеъ кардани ниёзҳои иҷтимоию иқтисодии миллӣ, балки барои рушди минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ низ муҳим аст».

Дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштироки Иттиҳоди Аврупо дар маблағгузории лоиҳаҳои соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва инфрасохтори коммуникатсионӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Президенти Тоҷикистон аз саҳми Иттиҳоди Аврупо дар бунёд ва навсозии иқтидори тавлиди энергияи «сабз» дар мамлакати мо ёдовар шуда, иштироки муваффақи онро дар татбиқи тарҳҳои неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Себзор» ва «Қайроққум» таъкид намуданд.

Даъват гардид, ки Иттиҳоди Аврупо дар заминаи дуҷониба ё дар доираи ташаббуси «Дарвозаҳои глобалӣ» дар бунёд ва таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ, ки намунаи иқтисод ва энергетикаи «сабз» мебошанд, саҳм гузорад. Инчунин дар ҳамоиш мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба бунёди инфрасохтори интиқоли неруи барқ ба Осиёи Ҷанубӣ тавассути хати интиқоли «CASA-1000» баланд арзёбӣ гардид.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақшаҳои Тоҷикистон дар бораи то соли 2030 афзоиш додани иқтидори истеҳсоли неруи барқ аз неруи Офтоб ва шамол то 10 фоизи тамоми истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат ибрози назар намуданд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки «мо дар асоси «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар мамлакат пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монда, то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари «сабз» табдил медиҳем».

Аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, Президенти мамлакат иброз доштанд, ки дар охири моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузории нахустин конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ин мавзуъ дар назар аст.

Дар ин зимн изҳори боварӣ карда шуд, ки шарикони аврупоӣ ва минтақавии Тоҷикистон дар кори конфронси дарпешистода фаъолона иштирок менамоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 4, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо масоили об ва иқлим баррасӣ гардид
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи пленарӣ доир шуд
Кэтрин Рассел: «Бо ташаббусҳои арзишманди ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон мо метавонем ба ҳадафҳои назаррас ноил гардем»