Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардиданд

Апрель 29, 2025 15:59

ДУШАНБЕ, 29.04.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 25 то 27 апрел дар шаҳрҳои Пекин ва Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

25 апрел дар шаҳри Пекин намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, аксу мусаввараҳо, мероси таърихию фарҳангӣ, хӯрокҳои миллӣ ва анвои гуногуни меваҳои Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Дар ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Матлубахон Сатториён ва муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Гао Чжэн суханронӣ намуданд. Иброз гардид, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар заминаи сиёсати муваффақу бобарори сарони ду давлати бо ҳам дӯст амалӣ гардида, дар густариши ҳамкории мутақобили судманд қадами устувор мегузорад.

Дар барномаи фарҳангӣ  ҳунармандони маъруфи тоҷик оҳангу сурудҳои миллӣ, аз қабили шашмақому фалак ва сурудҳои халқиро иҷро намуданд. Инчунин рақсҳои тоҷикӣ бо либосҳои миллии тоҷикӣ муаррифӣ карда шуданд.

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва губернатори музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Ган доир шуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо иброз намуданд, ки зиёда аз 30 сол инҷониб муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Чин марҳила ба марҳила мустаҳкам гардида, ба зинаи нави ташаккул баромаданд. Имрӯз онҳо дар қолаби шарикии стратегӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва эҳтирому эътимод муваффақона инкишоф меёбанд.

Инчунин ҷонибҳо аз рушди бесобиқаи ҳамкории мутақобили судманд ёдовар гардида, таъкид намуданд, ки ин ҳамкорӣ дар оянда низ тавсеа меёбад.

Муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Чин ба манфиатҳои дарозмуддати ду мамлакат ва мардуми онҳо ҷавобгӯ буда, ба таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва дипломатӣ мусоидат менамоянд.

Ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Осорхонаи артиши Теракоти шаҳри Сиан шинос гардид.

27 апрел барномаи ҳунарии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин доир шуд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки   ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Чин дар асоси «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг» ва Барномаи мубодилаи фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ гардида, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин ҳамчунин  солҳои 2008, 2013, 2019 ва Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон солҳои 2007 ва 2014 баргузор шудаанд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Апрель 29, 2025 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд