РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Рӯзи даъватшаванда доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни ҳамоиш гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи асосии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Вазъияти мураккаби ҷаҳони имрӯз аз ҳар фарди бедордил ва ҷавонони бонангу номус тақозо менамояд, ки дар самти ҳимояи истиқлоли давлатӣ ва марзу бум аз ҳарвақта дида, масъулияти бештар эҳсос намоянд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои боз ҳам рушд додан ва фароҳам намудани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад. Бо назардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ меафзояд.
Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2025 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1 апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид.
Бояд гуфт, ки ба даъватшудагон, ки аз даврҳои омӯзишии кӯтоҳмуддати ронандагӣ гузаштаанд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






