Раванди панҷ ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ баррасӣ шуд

Апрель 25, 2025 17:59

ДУШАНБЕ, 25.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раванди панҷ ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, ки таҳти  роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода дар Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуда, раванди панҷ ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ, аз ҷумла «Нақшаи амал барои солҳои 2024-2026 «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»», «Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040», «Барномаи давлатии рушди

низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2021-2025»-ро баррасӣ намуданд.

Оид ба ҷараёни татбиқи ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби роҳбарият ва кормандони масъули вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, нақлиёт, корҳои дохилӣ ва  Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон рӯнамо пешниҳод гардид.

Гуфта шуд, ки тибқи Нақшаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ соли 2025 ҷараёни иҷрои 31 ҳуҷҷати банақшагирии стратегии сатҳи соҳавӣ ва 59 ҳуҷҷати сатҳи маҳаллӣ мавриди муҳокима қарор мегирад. Аз натиҷаи онҳо гузориши муфассал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 25, 2025 17:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд