Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Гардӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Апрель 10, 2025 10:35

ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт Корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Гардиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз се ошёна иборат буда, бо маблағи 45 миллион сомонӣ сохта шудааст. Дар он истеҳсоли сару либоси мардонаву занона ва кӯдакона ба роҳ монда шудааст. Либосҳои зебову шинами коргоҳ аз лиҳози сифат рақобатпазир буда, мувофиқ ба завқу хоҳиши харидорон духта мешавад. Корхонаи навбунёд дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар роҳандозӣ гардида, барои истеҳсоли маҳсулоти мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд. Ҳоло шумораи коргарон дар фабрикаи дӯзандагӣ 210 нафарро ташкил дода, бо пурра ба кор пардохтани иқтидори лоиҳавии он шумораи онҳо ба 400 нафар расонида мешавад.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, Корхонаи дӯзандагии Гардӣ дар як шабонарӯз имкон дорад то 13 ҳазор сару либоси гуногун истеҳсол карда, дар маҷмӯъ дар як сол аз 1,5 то 2 млн. дона либос омода намояд. Дар маҷмӯъ корхона тавлиди бештар аз 45 навъи маҳсулотро роҳандозӣ кардааст. Иқтидори тавлидотӣ ва сифати маҳсулот имконият медиҳад, ки минбаъд сару либоси он рақобатпазиру ивазкунандаи воридот дар бозорҳои кишвар бошад ва ҳамчунин ба содирот равона гардад.

Корхонаи нав дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи нассоҷии кишвар ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдураҳмон Мухтошов бунёд гардидааст.

Аснои шиносоӣ иброз гардид, ки дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолӣ назорати сифат роҳандозӣ шуда, ҳамчунин ба шаклу намуд ва дизайни либос низ диққати хоса дода мешавад.

Раванди истеҳсолот асосан ба таври худидоракунӣ ба роҳ монда шуда, дар хати истеҳсолӣ бештар аз 230 дастгоҳи махсуси дӯзандагӣ васл гардидааст.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти ниҳоии Корхонаи дӯзандагии Гардӣ шинос шуда, ба сифати маҳсулот ва шаклу дизайни он баҳои баланд доданд.

Ин коргоҳ имконият фароҳам меоранд, то соҳаи нассоҷии кишвар рушд ёбад ва марҳила ба марҳила коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ дар дохил роҳандозӣ шавад.

Корхонаи дӯзандагии Гардӣ ҳамзамон дорои толори намоишӣ, марказҳои гуногуни хизматрасонӣ, ошхона бо 280 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истеҳсолот ва дастгоҳу таҷҳизоти корхона баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Масъулини коргоҳи дӯзандагии навтаъсисро ҳидоят бар он карданд, ки ба сифати маҳсулоти хеш диққати аввалиндараҷа диҳанд, то ки он харидорони худро пайдо намояд.

Ба истифода додани Корхонаи дӯзандагии ҶДММ Гардӣ дар шаҳри Душанбе 10.04.2025

Апрель 10, 2025 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон