ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 апрел, панҷшанбе, 100-умин рӯзи соли 2025 аст

Апрель 10, 2025 08:00

10 апрели соли 1930  нахустин маротиба  дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе, ки он замон Сталинобод ном дошт, радио таъсис ёфт.

***

10 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Маннуэл Баррозу мулоқот намуданд. Зимни ин вохӯрӣ муносиботи ояндаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дорои дурнамои густурда номида шуд.

***

10 апрели соли 2012 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нуҳуми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Брюссел ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерерро ба ҳузур пазируфтанд.

***

10 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об ба Ҷумҳурии Корея сафар намуданд.

***

10 апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо мири шаҳри вилояти Кёнсан-Пукто Кимом Кваном Йонго мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 25-солагии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ва бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фестивал-намоишгоҳи ҳунарҳои бадеии халқӣ баргузор гардид.

***

10 апрели соли 2021 дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

***

10 апрели соли 2023 ҷудочиёни тоҷик дар Ҷоми Осиё байни наврасону ҷавонон соҳиби 5 медал гардиданд.

***

10 апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бинои навбунёди Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуданд.

***

10 апрели соли 2024 дар идомаи сафари коии Пешвои миллат дар шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ҳунармандону сокинони шаҳри Истаравшан шинос шуданд.

10 АПРЕЛ:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ.

***

Дар Озарбойҷон — рӯзи сохтмончиён.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Бозгул Додхудоева — соли 1939 — ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ

Апрель 10, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш