ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, ҷумъа, 108-умин рӯзи соли 2025 аст

Апрель 18, 2025 08:00

18 апрели соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд.

***

18 апрели соли 2010 ду шаҳрванди Тоҷикистон бо дучарха ба сайри ҷаҳон баромаданд.

***

18 апрели соли 2013 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷамъияти саҳомии Ширкати миллии Роҳи оҳани Қазоқистон Аскар Мамин мулоқот намуданд.

***

18 апрели соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои Шурои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкунро, ки барои иштирок дар мулоқоти навбатии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.

***

18 апрели соли 2014 дар Душанбе масъалаи рушди  ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҷопон муҳокима гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон намоиши донишгоҳҳои Қазоқистон доир гардид.

***

18 апрели соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб  дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон Иҷлосияи  даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир шуд.

***

18 апрели соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Жан-Батист Лемуанро ба ҳузур пазируфтанд.

***

18 апрели соли 2022 сафирони Тоҷикистон ва Гватемала рушди муносибатҳо ва тақвияти ҳамкории ду давлатро баррасӣ намуданд.

***

17 апрели соли 2023 дар Женева ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба иқтисоди Осиёи Марказӣ (SPECA)  дар доираи  ҷаласаи 70-уми Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Аврупо (UNECE) баргузор гардид, ки дар он Тоҷикистонро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ намояндагӣ намуд.

***

18 апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар доираи сафари давлатӣ  мулоқоти хоссаи Сарони давлатҳо ва табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар толори бошукуҳи «Кохи Борбад» барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон бо номи «Дӯстии ҷовидон» баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, иштирок намуданд.

***

Соли 2024 байни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

***

18 апрели соли 2024 дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон ба як гурӯҳ ҳунармандони ду давлат  баргузор гардид.

18 АПРЕЛ:

Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии радиодӯстдорон.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Фотеҳ Ниёзӣ — соли 1914 — Нависандаи халқии Тоҷикистон. Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

***

Бозор Назриев — соли 1938 — профессор, доктори илми риёзӣ

Апрель 18, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш