ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, шанбе, 109-умин рӯзи соли 2025 аст
19 апрели соли 2014 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея дар робита ба ғарқ шудани киштии мусофирбари «Севол» дар соҳили ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Корея, ки боиси ҳалокати нафарони зиёд гардид, барқияи тасаллият ирсол намуданд.
***
19 апрели соли 2016 дар машқгоҳи Маркази таълимии «Марғоб»-и Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин машқҳои муштараки махсуси қувваҳо ва воситаҳои иктишофии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ «Ҷустуҷӯ-2016» оғоз гардид.
***
19 апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии доираҳои кории Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 бино ба натиҷаҳои назарсанҷиҳои Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Русия, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дохил шуд.
***
19 апрели соли 2019 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» тасдиқ карда шуд.
***
19 апрели соли 2019 Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои ҳамкории мутақобили судманд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд.
***
19 апрели соли 2020 дар деҳаи Савноби водии Бартанги ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони неругоҳи хурди барқӣ оғоз гардид.
***
19 апрели соли 2021 даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Нидерланд дар шакли видеоконференсия баргузор гардид.
***
19 апрели соли 2023 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд дар ҷаласа оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе бо молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО шинос шуданд.
***
19 апрели соли 2024 дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд.
19 АПРЕЛ:
Дар Русия — рӯзи нашриёт.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Дӯстмурод Алиев — соли 1950 — овозхони тоҷик. Ҳофизи халқии Тоҷикистон
***
Зайналобуддин Кобулӣ — соли 1962, — доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 8100 гектар пунбадона кишт намуданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад






