Табодули академӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Тоҷикистон ва Лаҳистон бештар мегардад
ДУШАНБЕ, 21.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. То охири соли равон 20 нафар донишҷӯён ва устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд барои табодули академӣ ва таҷрибаомӯзӣ ба Ҷумҳурии Лаҳистон мераванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, табодули таҷрибаи устодон ва донишҷӯён дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои Green Crops ва Донишгоҳи кишоварзии Лаҳистон (Uniwersytet Rolniczy) амалӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 17-18 апрел дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо олимону мутахассисон аз Ҷумҳурии Лаҳистон вохӯрӣ доир шуд. Зимни он ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин зимни баргузории даври омӯзишӣ барои донишҷӯён ва устодони факултети муҳандисӣ-технологии ин донишкада таҷрибаи муосири Аврупо дар соҳаи муҳандисию аграрӣ фаҳмонида шуд.
АКС: Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






