Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи Бангкок ба 20 нафар расид

Апрель 1, 2025 13:25

ДУШАНБЕ, 01.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагони заминларза дар Бангкок ба 20 нафар расида, 74 нафар бедарак шудаанд. Дар ин хусус аз маълумоти ситодҳои фаврие, ки дар маҳалли фурӯравии бинои Идораи аудитори генералӣ дар ноҳияи Чатучак дар шимоли Бангкок ҷойгир шудаанд, бармеояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Ҳамаи одамони гумшуда ба сохтмони ин бино машғул буданд. Давоми 24 соати охир наҷотдиҳандагон ҷасади ду нафарро аз зери харобаҳо берун оварданд. Ҳамин тариқ, дар ин иншоот дар маҷмуъ 13 нафар ҳалокшуда эълон гардид.

28 март дар қаламрави Мянма заминларзаи шадид рух дод. Тибқи иттилои Департаменти обуҳавошиносии Тайиланд, шиддати он 7,9 баллро ташкил додааст. Шумораи зарардидагони зилзила дар ҷумҳурӣ аз 2 ҳазор нафар гузашт.

Тайиланд низ аз заминларза зарар дидааст, таконҳои шадид дар Бангкок ва атрофи он, инчунин дар минтақаҳои шимолӣ, шимолу шарқӣ, марказӣ ва ҷанубии салтанат эҳсос шудаанд. Мақомоти Тайиланд ба ин заминларза аз чаҳор дараҷа дараҷаи сеюмро нисбат дода, ҳамзамон онро чун фалокати бузургмиқёс тасниф намуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 1, 2025 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст