Телефони боварии Кумитаи рушди сайёҳӣ мушкилоти ҷаҳонгардони хориҷӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва шаҳрвандонро бартараф менамояд

Апрель 17, 2025 17:50

ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 21 марти соли равон дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва кумак ба сайёҳони хориҷӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ телефони боварӣ ташкил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.

Ширкатҳои сайёҳӣ ва сайёҳони хориҷӣ дар ҳолати зарурӣ метавонанд ба телефони боварии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рақамҳои 118-200-200  аз соати 8:00 то 17:00 (аз душанбе то ҷумъа) мустақиман тамос гиранд. Инчунин метавонанд аз тариқи паёмак (Whatsapp, Telegram) муроҷиат намоянд.

Бояд гуфт, ки дар ин давра  кумита дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, Хадамоти гумрук, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати Консулӣ ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми муроҷиат ба сайёҳони хориҷӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва шаҳрвандон кумакҳои амалӣ ва машваратӣ расонид.

Аз ҷумла, ҳангоми мушкилиҳои гумрукӣ дар гузаргоҳи сарҳадии Дӯстии Узбекистон, ба мушкилӣ дучор шудани 12 сайёҳи хориҷӣ аз шаҳри Самарқанд аз тариқи гузаргоҳи Саразми шаҳри Панҷакент ва ба 40 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дарёфти раводид, ки ба тариқи роҳҳои заминӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, мусоидат карда шуд.

Ҳамчунин ҳангоми иштибоҳан гирифта шудани бағоҷи шаҳрванди Индонезия аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Фурудгоҳи байналилалии Душанбе кумак расонида шуд.

Ҳамзамон ба муроҷиаткунандагон аз ҷониби масъулони кумита ва вазорату идораҳои дахлдор  дигар кумакҳои амалӣ ва машваратӣ расонида шуданд.

Бехатарӣ яке аз омилҳои таъсиррасони рушди сайёҳӣ мебошад. Аз ин рӯ дар Тоҷикистон бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандони хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Апрель 17, 2025 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» форуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд