«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври ноҳиявии ин озмун баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар доданд.
Озмун аз рӯйи се номинатсия-сарояндагӣ, навозандагӣ ва санъати тасвирӣ баргузор гардид. Дар озмун нафарони аз 12 то 17-сола ва аз 18 то 35-сола иштирок намуданд. Аз шумораи умумии иштирокчиён 42 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум менамоянд, гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ, ки ба гирифтани Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун шарафёб мегарданд, дар баробари мукофоти пулӣ инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, онҳо ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, тавассути барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ муаррифӣ мегарданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






