Тсюй Дунъюй дар Тоҷикистон бо корҳои безараргардонӣ бар зидди малах шинос шуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Тсюй Дунъюй бо мавзеъҳои хуруҷи малах дар ноҳияҳои Вахшу Кушониён ва корҳои безараргардонӣ бар зидди ин ҳашарот шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Дар заминҳои чарогоҳ ва кӯҳдомани ноҳияҳои Вахш ва Кушониён марҳилаи навбатии корҳои безараргардонӣ оғоз гардид. Дар 6 ҳазор гектари ин мавзеъҳо корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, дар 3 ҳазор гектари он малах пурра нест карда шудааст.
Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Хатлон барои сари вақт ва пурра нест намудани ин ҳашароти зарарасон аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид бо техникаю таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешавад.
Имсол дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои пешгирии хуруҷи ин ҳашарот корҳои безараргаронӣ аз моҳи феврал оғоз гардида, то ҳоло идома доранд. То имрӯз дар зиёда аз 30 ҳазор гектар ин ҳашарот пурра нобуд карда шудааст.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷумҳурӣ майдони коркард 128 545 гектар ба нақша гирифта шудааст. То 29 апрел майдони коркардшуда 51 098 гектарро ташкил дод.
Ба майдонҳои паҳнгашта барои коркарди кимиёвӣ 55 трактори дорупошӣ, 19 мошин, 874 дорупошаки дастию моторӣ ва 1092 нафар корманд ҷалб карда шудаанд.
Олимони соҳаи кишоварзӣ хуруҷи малахро яке аз офатҳои табиӣ меҳисобанд. Зеро галаи малах дар як шабонарӯз зиёда аз 30 километр роҳро тай карда, тамоми растании дар сари роҳаш бударо нобуд мекунад. Дар давраи афзоиш дар як метри мураббаъ адади малах то ба 1000 расида, 1 миллион гектарро пахш менамоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






