«УМРЕ БО МУСИҚӢ». Дар Душанбе ҳамоиши илмӣ баргузор гардид

Апрель 24, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 24.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Умре бо мусиқӣ» бахшида ба фаъолияти илмӣ-эҷодии доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ  ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни ҳамоиш иштирокчиён дар мавриди фаъолияти эҷодии мусиқишиноси маъруфи тоҷик, доктори илми санъатшиносӣ, профессор, аъзои  Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, профессори фахрии Консерваторияи миллии Узбекистон, ки дар самти таҳқиқи илми санъатшиносӣ хизматҳои шоён анҷом додааст, ибрози назар намуданд.

«Мусиқии тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат хеле тараққӣ намуда, на танҳо дар дохили мамлакат, инчунин дар арсаи ҷаҳонӣ миллати тоҷикро ҳамчун мардуми санъатдӯсту соҳибфарҳанг муаррифӣ намуд. Китобҳои таҳиянамудаи Аслиддин Низомӣ воситаи хуби омӯзишӣ барои фарҳангшиносон, адабиётшиносон, муаррихон, мутахассисони соҳаи санъатшиносӣ, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳаи санъат, ҳамзамон доираи васеи хонандагон мебошанд»,-иброз гардид дар ҳамоиш.

Таъкид гардид, ки таърихи тамаддуни халқи тоҷик дорои садҳо ва ҳазорҳо намунаҳои олии шеъру мусиқӣ мебошад, ки шашмақому фалак мисоли беҳтарини онҳо аст. Аз ин сабаб таъриху тамаддуни халқи тоҷикро  бе ҳунари волои мусиқӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Дар замони истиқлолият бо ғамхориву ҳидоятҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъати мусиқӣ боз ҳам рушду такомул ёфта, дар сатҳи ЮНЕСКО эътироф гардид.

Ёдовар мешавем, ки мусиқишинос Аслиддин Низомӣ муаллифи чанд китобу рисола ва мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла «Таърих ва назарияи Шашмақом», «Умре бо мусиқӣ», «Таърихи мусиқии тоҷик», «Шашмақом ва назми форсии тоҷикӣ» ва «Баёзи Шашмақом» мебошад.

АКС: Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»

 

Апрель 24, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд