Вохӯрии дуюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Самарқанд баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанд дар доираи раёсати Ҷумҳурии Узбекистон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вохӯрии дуюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.
Чорабинӣ таҳти раёсати Котиби Шурои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Виктор Маҳмудов ва бо иштироки Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон Гизат Нурдаулетов, Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон Марат Иманқулов ва атташеи ҳарбии Сафорати Туркманистон дар Узбекистон Мейлиса Аннабердиева доир гардид.
Нахуст дар вохӯрӣ паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев қироат карда шуд.
Дар оғоз котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ аз натиҷаҳои мулоқоти сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва дар доираи он санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ ба имзо расиданд, бо қаноатмандӣ истиқбол намуданд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масъалаҳои амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, радикализм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти экологӣ дар минтақа, инчунин талошҳои муштарак барои таъмини амнияти нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ ва инкишофи иқтидори нақлиётию транзитии он баррасӣ шуданд.
Дар анҷоми нишаст Протоколи Вохӯрии дуюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид, ки татбиқи тадбирҳои мушаххас оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки зимни ин чорабинӣ баррасишударо пешбинӣ менамояд.
Қарор дода шуд, ки Вохӯрии сеюми котибони Шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.









Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






