Рустами Эмомалӣ бо Кетрин Мери Рассел мулоқот намуданд

Май 30, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид — ЮНИСЕФ Кетрин Мери Рассел мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳидро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Тавре қаблан иттилоъ додем, 28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид — ЮНИСЕФ Кетрин Мери Расселро ба ҳузур пазируфтанд.

Директори иҷроияи ЮНИСЕФ ба талошҳои пайвастаи Пешвои миллат барои фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, ҷалби духтарон ба раванди таълиму тарбия ва рушди соҳаи маориф дар мамлакат баҳои баланд дод.

АКС: Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Май 30, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад