35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 12 километр роҳи Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиеви ноҳия Ҳамадонӣ таъмир мегардад

Май 4, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 04.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва сокинони ҳимматбаланди маҳаллӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиеви ноҳия 12 километр роҳ таъмири асосӣ карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Айни замон корҳои тахту ҳамворкунии роҳ ба анҷом расида, асфалтпӯш кардани он оғоз мегардад. Барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ техникаҳои  Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия сафарбар шуда, мутахассисони баландихтисос  ба кор ҷалб гардидаанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки ин иқдом дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои  мамлакат  вусъат гирифта,  шаҳрвандон дар ободу зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳо ва маҳали зисти худ  саҳми назаррас гузошта истодаанд. Онҳо мақсад гузоштаанд, ки бо ин ободкориҳо ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро сазовор пешвоз гиранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Май 4, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд