Адҳам Мусаллам: «Мо барои ёфтани роҳи ҳал ва пешгирии яке аз мушкилоти ҷаҳонӣ ҷамъ омадаем»
ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мо барои ёфтани роҳи ҳал ва пешгирии яке аз мушкилоти ҷаҳонӣ-обшавии пиряхҳо ва ҳифзи он, ки он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ҷамъ омадем. Дарёфти роҳи ҳалли ин мушкилот ояндаи ҷаҳонро аз пайомадҳои хавфноки табиат наҷот медиҳад. Ин матлабро Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам зимни иштирок дар Форуми кишоварзӣ дар замони талафоти (обшавии) пиряхҳо: мубориза бо хушксолӣ ва обхезӣ тавассути истихроҷи карбон ва устуворӣ дар минтақаҳои вобаста ба пиряхҳо, ки имрӯз дар Душанбе оғоз гардид, иброз намуд.
Адҳам Мусаллам изҳор дошт, ки тағйироти глобалии иқлим ва гармшавии иқлимӣ солҳои охир боиси обшавии пиряхҳо дар қисматҳои гуногуни ҷаҳон шудаанд. «Гармшавии замин ва ҳаво, ки боиси огоҳии бештар дар бораи обшавии пиряхҳо дар хати экватор ва кӯҳистони баландкӯҳ мегардад, метавонад дар оянда барои экосистемаҳои марбут ба пиряхҳо ва манбаъҳои оби нӯшокӣ хатарҳои зиёд ба вуҷуд орад. Обшавии пиряхҳо боиси баландшавии сатҳи баҳр ва сабаби зери об мондани минтақаҳои соҳилӣ мегардад. Ҳамзамон обшавии пиряхҳо сабаби камбуди оби тоза барои кишоварзӣ, таъмини оби ошомиданӣ, таъсир ба экосистемаҳою макони зисти намудҳои гуногуни ҳайвонот ва растаниҳо мегардад»,-гуфт Адҳам Мусаллам.
Иброз гардид, ки пиряхҳо омили нигоҳ доштан ва захира кардани оби нӯшокӣ ва таъмини манбаъҳои муҳим барои экосистемаҳои кӯҳӣ ва растаниҳо мебошанд. Агар пиряхҳо бо суръат об шаванд, ин метавонад сабаби об шудани манбаъҳои об, ҷудо шудани минтақаҳои обӣ ва ҳатто хушкшавии растаниҳою экосистемаҳои марбут ба онҳо гардад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд






