Ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи сайёри Шурои Ассамблеяи парламентии СААД иштирок менамояд

Май 19, 2025 11:14

ДУШАНБЕ, 19.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода барои иштирок дар ҷаласаи сайёри Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон рафт.

Кори  ҷаласаи сайёри Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Бишкек бо гузоштани гулчанбар дар  назди «Оташи абадӣ», муҷассамаи Ғалаба ва  гирифтани аксҳои муштараки сарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ  оғоз мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар нишаст сарони парламентҳои Федератсияи Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус иштирок менамоянд.

Дар назар аст, ки дар мулоқот роҳҳои таҳкими равобит ва густариши ҳамкории байнипарламентӣ баррасӣ шаванд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 19, 2025 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ