Ҳайати Тоҷикистон дар Анҷумани XVI байналмилалии иқтисодӣ дар Қазон иштирок дорад

Май 16, 2025 10:50

ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 18 майи соли 2025 дар Қазон Анҷумани XVI байналмилалии иқтисодии «Русия ва кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ» — KazanForum-2025 баргузор мегардад, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, KazanForum ба заминаи муҳими муҳокимаи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам байни кишварҳои иштироккунанда табдил ёфтааст.

Дар доираи форум чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ низ пешбинӣ шудаанд. Дар Фестивали фарҳангҳои шарқӣ ва Мусобиқаи байналмилалии футбол барои кӯдакон «Ҷоми Шарқ» намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия

 

Май 16, 2025 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид