Рустами Эмомалӣ баъди иштирок дар таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол аз шаҳри Ню-Йорк ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баъди иштирок дар маросими таърихии нахустин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, ба Ватан баргаштанд.
Дар ҷараёни сафар 21 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни вохӯрӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳолати ҳамкории рӯзафзуни Созмони Милали Муттаҳид бо парламентҳои миллӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба саҳми мақомоти қонунгузори мамлакат, аз ҷумла палатаи болоии он дар амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ, татбиқи вазифаҳои «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки ба Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор мутобиқ шудаанд, ибрози назар намуданд.
Инчунин дар ин робита ҷонибҳо доир ба аҳамияти Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, табодули андеша намуданд.
Ҳамзамон 21 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи рақамӣ таҳти унвони «Риштаҳои анъанаҳо: ҷашни мероси фарҳангии Тоҷикистон», ки дар намоишгоҳи маъруфи «Artechhouse»-и шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бо қаноатмандӣ таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон макони ёдгориҳои мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, аз ҷумла шаҳраки бостонии Саразм, Боғи миллии тоҷикон дар Помир, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва долони Зарафшон-Қароқум мебошад.
Дар натиҷаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи давлату Ҳукумати мамлакат солҳои охир анъанаҳои арзишманди миллати мо, аз қабили ҳунари гулдӯзии чакан, мусиқии фалак, сози рубоб, анъанаҳои бофтани атласу адрас, ҷашнҳои Сада ва Меҳргон аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси ғайримоддии башарият эътироф гардидаанд.
Пас аз анҷоми қисми ифтитоҳии намоишгоҳ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо намоишгоҳи рақамӣ шинос шуданд, ки он бозгӯи таъриху тамаддуни бостонӣ, фарҳанги пурғановат, эҳёи ҳунарҳои қадимии мардумӣ, анъана ва арзишҳои волои маънавии миллати тоҷик ва шаҳодати ҳунармандию бунёдкорӣ, меҳнатдӯстию созандагӣ ва тамаддунофар будани миллати тоҷик гардид.
22 май Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими таърихии нахустин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Боиси таъкид аст, ки маҳз бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсуси худ 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ изҳор доштанд, ки 25 май аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эътироф карда шуда, арзишҳои меҳварии футбол, аз қабили бозии одилона, фаъолияти дастҷамъӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ бо усулҳои фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамсон мебошанд.
Ҳамзамон ҳамкории босамари Федератсияи футболи Тоҷикистон бо Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), аз ҷумла дар самти татбиқи барномаҳои байналмилалӣ оид ба рушду маъмулгардонии футбол назаррас арзёбӣ гардид.








Машғулият оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни лигаҳои наврасони Тоҷикистон оид ба футбол идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид
Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба футзал мусовӣ анҷом ёфт
«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад






