Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ тақвият меёбад

Май 2, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 02.05 2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 май президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо намояндаи Агентии байналмилалии неруи атомӣ хонум Сандра Стейскал Мари мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Қобилҷон Хушвахтзода ба намояндаи агентӣ иброз дошт, ки «мо аз ҳамкории дарозмуддат бо Шумо шодем ва миннатдории худ ва олимони академияро ба Шумо мерасонем. Зеро чанде қабл Маркази бехатарӣ, амният ва кафолатҳо дар самти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст, аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ ба сифати Маркази ҳамкории минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ расман эътироф гардид».

Маркази бехатарӣ, амният ва кафолатҳо дар самти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври расмӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки ин боиси ифтихори аҳли илм аст.

Иброз гардид, ки ҳафтаи қаблӣ сохтмони бинои  филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии академия дар вилояти Хатлон оғоз гардид. Он метавонад барои боз ҳам мустаҳкам гардидани кор ва тақвияти он дар минтақа роҳ кушояд. «Мо боварӣ дорем, ки барои ба истифода додани ин бино Агентӣ  ба мо кумак мерасонед. Ҳамчунин омода ҳастем, ки ҳамкориро тақвият бахшида, ташаббусҳои минтақавиро мизбонӣ намоем ва дар татбиқи васеи ҳадафҳои «Атом барои сулҳ ва рушд» саҳм гузорем»,- иброз дошт Қобилҷон Хушвахтзода.

Хонум Сандра Стейскал Мари оид ба ҳамкорӣ ва пешравиҳои ҷониби Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки «аз ҳамкорӣ бо Шумо шодам. Дар оянда низ мехоҳам, ки ҳамкориамон рушд ёбад ва дар омоданамоии мутахассисони ҷавон дар самти саратоншиносӣ кӯшишҳои якҷоя ба харҷ диҳем».

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 2, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

3 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои дастгирии лоиҳаҳои филмсозони ҷавон ягон монеа вуҷуд надорад
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Мавзуи асосии сурудаҳои ӯ ишқу муҳаббати инсонӣ, тасвири табиат ва зебоиҳои он мебошанд
Ёдгориҳои Хутали Қадим таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд
«ҲАФТРАНГ БА ХОТИРАИ УСТОД». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳ оғоз гардид
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАРГАР. Мардуми тоҷик давоми ҳазорсолаҳо бо санъати заргарии худ шуҳрат пайдо кардааст.
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар таҳрири нав таҳия шудааст
2 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 филмҳои миллӣ дар платформаи нави синамоии «tojikfilm.tv» намоиш дода мешаванд
Китоби «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ба нашр расид
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд