Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии рушд тавсеа меёбад
ДУШАНБЕ, 23.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ко Сакамото мулоқот намуд, ки зимни он самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ баррасӣ карда шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Убайдулло Асрорзода ба намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд барои дастгирии пайвастаи лоиҳаҳо ва ташаббусҳо дар самти бунёди шароити муосири таълим ва мустаҳкамсозии пойгоҳи моддию техникӣ изҳори сипос намуд.
Инчунин оид ба дархостҳои лоиҳавии нав дар самтҳои сайёҳии ҳушманд, экокампуси донишгоҳ, инфрасохтори «сабз» ва идоракунии рушди устувор, рушди экосистемаи таҳсилоти дуалӣ ва амсоли инҳо иттилоъ дода шуд.
Намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд ташаббусҳо ва дархостҳои лоиҳавиро хуш истиқбол намуда, барои татбиқи ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳо ибрози андеша намуд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






