Армида Салсиаҳ Алишаҳбана: «ЭСКАТО ҳамкории судмандро бо Тоҷикистон муҳим арзёбӣ менамояд»
ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Армида Салсиаҳ Алишаҳбанаро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Пас аз мулоқот Армида Салсиаҳ Алишаҳбана иброз дошт, ки хеле хушҳол аст, ки имрӯз бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намудааст.
«Дар ҷараёни мулоқот миннатдории худро барои ҳамкории тӯлонии судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) изҳор намуданд. Хусусан, имсол Тоҷикистон ташаббускор ва ҳомии қабули Қатънома оид ба робитаи об ва тағйирёбии иқлим буд, ки онро ҳамаи кишварҳои аъзо бо итифоқи оро қабул намуданд. Ин қатънома ба ЭСКАТО ваколатҳои бештар медиҳад, то корҳои худро дар самти масъалаҳои марбут ба об, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо, бахусус дар чаҳорчӯби ҳамкории минтақавӣ дар Осиё ва кишварҳои уқёнуси Ором идома дода, тавсеа бахшад», — гуфт Армида Салсиаҳ Алишаҳбана.
Ба андешаи Армида Салсиаҳ Алишаҳбана, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои мизбонии ҷаласаи омодагии минтақавии Осиёю Уқёнуси Ором барои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 иброз намуданд. «Мо низ омода ҳастем, ки ин ташаббусро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем», — таъкид намуд муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Армида Салсиаҳ Алишоҳбону.
Армида Салсиаҳ Алишаҳбана изҳор дошт, ки дар ҷараёни мулоқот инчунин ба якчанд соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок дахл кардем, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЭСКАТО аллакай фаъолият мебарад. Аз ҷумла, нақлиёт, тиҷорат, махсусан тиҷорати рақамӣ, энергетика (энергияи устувор ва барқароршаванда), ҳифзи иҷтимоӣ ва маблағгузорӣ барои рушд.
«Яке аз мавзуъҳои муҳим дар бахши маблағгузорӣ барои рушд, ки мо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорем, ин барориши «бонкҳои сабз» мебошад. Бо назардошти он ки Тоҷикистон давлати дар хушкии амиқ ҷойгиршуда ва дар ҳоли рушд аст, соҳаҳои нақлиёт ва робита низ аз ҷумлаи самтҳои муҳими муҳокимашаванда буданд. Бори дигар мехоҳам миннатдории амиқи худро ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории олӣ ва созанда баён намоям», — гуфт дар анҷом Армида Салсиаҳ Алишаҳбана.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд






