Ҷавонони боистеъдоди тоҷик дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳсил доранд

Май 25, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 25.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 давлати пешрафтаи ҷаҳон фиристода шуданд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони боистеъдоди тоҷик дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии 42 давлати пешрафтаи ҷаҳон таҳсили илм доранд. Чунин изҳор намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми шодбошӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон.

«Ҳамаи ин иқдом нишони дастгирию ғамхории давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири соҳиби илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ гардонидани ҷавонони мамлакат мебошанд», -таъкид намуданд Сарвари давлат.

Аз ҷумла, аз соли 2009 инҷониб аз тариқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дурахшандагон» ҷавонони зиёде  дар хориҷи мамлакат таҳсил намудаанд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо чанд донишҷӯе, ки бо баҳои хубу аъло дар хориҷи мамлакат таҳсил доранд ва бо дастовардҳои намоён Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд, ҳамсуҳбат гардид.

Яке аз намунаҳои барҷастаи ҷавонони муваффақ донишҷӯи курси якуми барномаи “Foundation in Medicine дар Northumbria University”- яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Британияи Кабир Амина Шукрихудоева мебошад, ки дар соҳаи тиб таҳсил дорад.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мавсуф иброз намуд, аллакай дар соли аввали таҳсил сазовори унвони «Student of the Year 2025» ва «Student Representative of the Year 2025» дар донишгоҳ гардидааст. Ин унвонҳо ба ӯ барои фаъолияти илмию иҷтимоӣ ва иштирок дар равандҳои донишҷӯӣ супурда шуданд. Ин дастовардҳо на танҳо нишондиҳандаи дониши академӣ, балки таҷассумгари қобилияти роҳбарӣ ва масъулиятшиносии донишҷӯйи тоҷик дар муҳити донишгоҳ мебошанд.

Амина Шукрихудоева аз тариқи Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» дар асоси озмуни Стипендияи Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» ба ин донишгоҳи бонуфуз дохил шуда, нақша дорад, ки баъд аз хатми таҳсил ба Ватан баргашта, дар рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон, хусусан дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон саҳм гузорад. «Ман орзу дорам таҷриба ва донишҳои муосири тиббиро дар Ватан татбиқ намуда, ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат намоям. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳсили ҷавонон шароити мусоиди таҳсил фароҳам овардаанд. Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» яке аз намунаҳои равшани дастгирии Пешвои миллат ба ҷавонон ба шумор меравад, ки бо истифода аз он ҷавонон имкони таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонро пайдо менамоянд», -иброз намуд Амина.

Амина мегӯяд, ки сиёсати давлат дар самти дастгирии ҷавонон ва рушди кадрҳои баландихтисос ба таври равшан нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба неруи зеҳнии насли ҷавон эътимоди бузург дорад.

Донишҷӯйи дигар Сафина Исматшоева мебошад, ки аз тариқи ин марказ ба Донишгоҳи амрикоии Осиёи Миёнаи шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қириғизистон дохил шуда, соли дуюм аст ихтисоси иқтисодро меомӯзад.  Ӯ  ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022 мебошад.

Дар ҷараёни таҳсил дар донишгоҳ аъзои AlumniReunionof 2024-2025 гардида, ҳамчунин иштирокчӣ ва ғолиби чандин озмунҳои дигари донишгоҳ гардидааст. «Ҳадафи ман аз интихоби ин касб он буд, ки дар оянда ба пешрафти иқтисодиёти ватанам, ки соҳаи муҳимтарини ҳар давлат ба шумор меравад, саҳми арзанда гузорам. Баъди хатм кардан ният дорам ба Ватан баргашта, дар пешрафти Тоҷикистон хизмат намоям», -гуфт Сафина Исматшоева.

“Имрӯз ба воситаи Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» мо имконияти беназире дорем, то бо таҳсил дар донишгоҳҳои сатҳи байналмилалӣ на танҳо донишу имконияти навро соҳиб шавем, балки бо ақидаҳои наву пешрафта дар оянда тавонем дар рушди ватанамон саҳми арзанда гузорем.

Ман ин бовариро бо эҳсоси масъулият мепазирам ва мекӯшам пас аз анҷоми таҳсил дониш, малака ва чаҳонбинии бадастомадаро дар роҳи пешрафти Тоҷикистон истифода намоям”,-мегӯяд Сафина Исматшоева.

Барзу Латифов низ аз зумраи донишҷӯёни фаъоли тоҷик буда, гирандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2020–2021 мебошад.  Баъд аз хатми мактаб дар барномаи мубодилаи байналмилалии «Future Leaders Exchange (FLEX)» пирӯз шуда, дар соли таҳсили 2021–2022 синфи 12-ро дар иёлати Техаси ИМА бо муваффақият ба анҷом расонд. Ӯ ҳоло таҳсили худро дар зинаи бакалавр бо ихтисоси “Иқтисодиёт” аз тариқи Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» дар Донишгоҳи давлатии Аризона (Arizona State University) идома дода истодааст. Аз се нимсолаи таҳсиле, ки то ҳол анҷом ёфтааст, ҳамаи онҳоро бо миёнаи умумии (GPA) 4.0 аз 4.0 хатм намуда, ба рӯйхати аъзои фахрии Декан (Dean’s List) дохил гардидааст.

«Баргузории барномаҳо ва озмунҳои гуногун, аз ҷумла Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» аз сиёсати хирадмандона ва дастгирии қавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди сармояи инсонӣ, махсусан байни ҷавонон дарак медиҳад. Ба мо имконият ва шароити мусоиди сатҳи байналмилалӣ муҳайё гардидааст, то дар хориҷи мамлакат дониш андӯзем, аз ҷиҳати шахсӣ ва касбӣ рушд ёбем ва дар оянда ба Ватан баргашта, дар пешрафти он саҳм гузорем», -гуфт ӯ.

Моҳирамо Баҳронбекова низ аз ҷумлаи хатмкардагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли 2020 ва магистри соли 2022 мебошад. Дар айни замон ӯ докторанти соли 2-юми Донишгоҳи Каролинаи Шарқӣ буда, ба ҳайси PhD докторант аз рӯи ихтисоси “Healthcare Administration” таҳсил дорад.

Ӯ дорандаи сертификати Донишгоҳи Гарвард «Preventing the Next Pandemic» буда, рӯзҳои наздик сертификати CPR аз “American Health Association”-ро сазовор мегардад.

Моҳирамо Баҳронбекова нақша дорад, ки баъди таҳсил дар пешрафти соҳаи тандурустӣ, ҳифзи саломатии ҷомеа ва инчунин рушду нумуи тибби тоҷик саҳм гузорад.

Гирандаи дигари Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» Азиза Алимардонова буда, дар Донишгоҳи давлатии Ню Йорк дар шаҳри Олбании ИМА бо ихтисоси “Иқтисодиёти меҳнат” дар курси дуюми зинаи магистратура таҳсил менамояд.

Ӯ низ дар ҷодаи интихобнамуда муваффақ буда, давоми ду соли таҳсил аллакай 2 мақола ва 1 кори илмяш дар донишгоҳ нашр шудааст.  Яке аз мақолаҳояш ба сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши Маркази барномаҳои байналмилалӣ «Дурахшандагон» бахшида шудааст. Ҳамзамон аъзои барномаи «Сафирони мактаби магистрӣ» (Ambassadors of the Grad School) дар ин донишгоҳ аст.

«Таҳсил дар Иёлоти Муттаҳида барои ман на танҳо имконияти шахсӣ, балки масъулияти бузург ҳамчун мутахассиси болаёқат аст, ки метавонад дар пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии Ватан нақши арзанда гузорад. Кӯшиш менамоям, ки дастовардҳои навини илми иқтисодиётро омӯзам, ҷаҳонбинии худро васеъ намоям ва дар оянда бо дониш, малака ва таҷрибаи андӯхта барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди устувори давлатамон саҳм гузорам», -иброз медорад ин донишҷӯ.

Донишҷӯёни сарбаланди тоҷик бо изҳори сипос иброз намуданд, ки уҳдадоранд аз имконияти мувофиқе, ки давлату Ҳукумат барояшон муҳайё намудааст, ба таври шоиста истифода бурда, дар оянда дар  пешрафт ва рушди Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 25, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати маориф ва илм рафти иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази иттилоот, инноватсия ва рақамикунонӣ ифтитоҳ гардид
Президенти Тоҷикистон: «Барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ мегардад»
Бо мақсади омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ замимаи мобилии «Забондон» таҳия гардид
Робитаҳои илмӣ-академӣ байни муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия тақвият меёбанд
Ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд «Доктори фахрӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуд
Ҷавонон дар баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо чӣ гуна саҳм мегузоранд?
Михаил Гусман: «Вақте «Душанбеи офтобӣ» мегӯем, ин ҷо сухан танҳо аз гармии ҳаво не, балки аз гармии дили одамон низ меравад!»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Он мавқеи пешоҳангии Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти обу иқлим мустаҳкамтар менамояд
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар ин давра маҳфилҳои ҳунару забономӯзӣ ва варзишию фарҳангии ройгон ташкил карда мешаванд
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Волидайн ва масъулин барои бофароғат ва самаранок гузаронидани он чӣ гуна омодагӣ мебинанд?
Сатҳи татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои миёнаи умумии вилояти Хатлон таҳлил карда мешавад