Корманди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи якумро соҳиб шуд

Декабрь 4, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Корманди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шамсия Мадалиева дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик» сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Бо қарори ҳайати ҳакамон Шамсия Мадалиева  барои ишғоли ҷойи якум дар номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик» бо Дипломи ифтихорӣ ва мукофоти пулӣ ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид.

Ин дастовард на танҳо ифтихори шахсии ӯ, балки нишондиҳандаи сатҳи баланди омодагии кадрҳои ҷавони донишгоҳ ва таваҷҷуҳи бесобиқа ба тарғиби китобдорӣ ва рушди фарҳанги мутолиа дар мамлакат мебошад.

Раҳбарияти донишгоҳ таъкид намуданд, ки ин дастовард барои тамоми донишҷӯёни соҳибистеъдод намунаи ибрат буда, бозгӯйи он аст, ки меҳнат, сабру таҳаммул ва талошҳои пайгирона ҳамеша самари нек меоранд.

«Пирӯзии Шамсия Мадалиева  натиҷаи заҳмати пайваста, ҷустуҷӯҳои илмӣ ва муҳаббати беандозаи ӯ нисбат ба китобу адабиёт мебошад», –мегӯянд масъулини донишгоҳ.

Донишҷӯи дигари донишгоҳ Азиза Ҷумаева соли равон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар номинатсияи сарояндагӣ мақоми ифтихорӣ — Дипломи дараҷаи 1 ва ҷоизаи пулӣ ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар озмуни имсола 94 нафар ғолиб  гардида, чор нафари онҳо соҳиби Шоҳҷоиза шуданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат баргузор мегардад.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Декабрь 4, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд