Бо донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои бо шуғл фаро гирифтани онҳо вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вохӯрии намояндагони гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»–и Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯён-хатмкунандагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи технологӣ хабар доданд.
Дар мулоқот иҷрои стратегияю барномаҳои давлатии самт бо мақсади ҷалби бештари аҳолии қобили меҳнат ба шуғл ва ба ин васила коҳиш додани раванди бекорӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум баррасӣ карда шуд.
Мушовирони ҳуқуқии марказ ба донишҷӯён оид ба масъалаи бо шуғл фаро гирифтан, имконияти бо кор таъмин шудан ва гузаштан аз машғулияти кӯтоҳмуддат маълумоти муфассал пешниҳод карда, ба саволҳои сершумори онҳо посух доданд.
Чунин вохӯриҳои судманд барои баланд бардоштани малака ва имконоти бокортаъминшавии донишҷӯён-хатмкунандагон минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






