Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол байни кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе мусобиқаи футболи хурд идома дорад

Май 14, 2025 13:50

 ДУШАНБЕ, 14.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол байни кормандони соҳаи маорифи пойтахт барои дарёфти Ҷоми «Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» мусобиқаи футболи хурд идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар мусобиқа 33 дастаи муассисаҳои соҳаи маорифи пойтахт бо ҳам рақобат намуда, бозиҳои онҳоро доварони касбӣ аз ҷониби Федератсияи футболи шаҳри Душанбе ҳакамӣ менамоянд.

Соли дуюм  аст, ки  дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол бошукуҳ  таҷлил  мегардад. Имсол Рӯзи ҷаҳонии футбол давоми як ҳафта – аз 19 то 25 май таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯзҳо дар тамоми манотиқи Тоҷикистон чорабиниҳои идонаи футбол баргузор мешаванд. Ҷашнвораи асосии футбол 25 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо  иштироки беш аз 500 кӯдак доир мегардад.

Бояд таъкид намуд, ки 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Май 14, 2025 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид