Байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ даври ниҳоии мусобиқаи футболи хурд оғоз меёбад

Май 21, 2025 13:43

ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22-24 май дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ даври ниҳоии мусобиқаи футболи хурд баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касби назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мусобиқа барои  дарёфти «Ҷоми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» гузаронида мешавад.

Мусобиқа аз 3 давр иборат буда, дар даври якуми он- аз 10 то 25 апрел хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ сабқат намуданд. Аз 100 дастае, ки дар даври якум иштирок намуд, 24 даста ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфт.

Дар даври дуюми мусобиқа, ки аз 3 то 19 май дар минтақаҳои Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Рашт ва шаҳри Душанбе баргузор гардид, дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар алоҳидагӣ рақобат намуда, дастаҳои беҳтарин аз ҳар минтақа ба даври ҷумҳуриявии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи варзишии футболи хурд соли дуюм аст, ки бо сарпарастии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Мақсади он тарғибу ташвиқи футбол дар байни омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин муайян намудани чеҳраҳои нави варзишгарон аз намуди бозии футбол ва ҷалби беҳтаринҳо ба дастаи кумита мебошад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касби назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2025 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд