Байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мусобиқаи футболи хурд идома дорад

Май 14, 2025 15:47

ДУШАНБЕ, 14.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол байни донишҷӯписарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳо мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» идома дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, мусобиқа дар 3 давр баргузор шуд. Дар зинаи аввал хонандагону донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ байни ҳам рақобат намуданд. Аз байни онҳо гурӯҳи беҳтарин ҳамчун тими муассиса ба даври минтақавӣ роҳхат гирифт.

Дар даври дуюми мусобиқа, ки дар минтақаҳои Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Рашт ва шаҳри Душанбе баргузор шуд, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар алоҳидагӣ рақобат намуданд. Дастаҳои беҳтарин аз ҳар минтақа ба даври ҷумҳуриявии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Даври ниҳоии мусобиқа аз 22 то 25 май дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ Ҷом, медал, Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳо тақдим карда мешаванд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа баланд бардоштани маҳорати варзишии хонандагону донишҷӯён, устувор намудани дӯстию бародарӣ дар байни муҳассилини муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳо, оммавигардонии футбол,  интихоб намудани беҳтарин бозингарон ба ҳайати тими мунтахаби кумита барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва берун аз он мебошад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 14, 2025 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад