Барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» Саидвалӣ Тоиров: «Шиори мо дар зиндагӣ намунаи ибрат будан аст»

Май 17, 2025 14:37

ДУШАНБЕ, 17.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шиори мо дар зиндагӣ барои дигарон намунаи ибрат будан аст. Чунин иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» Саидвалӣ Тоиров.

Тавре қаблан иттилоъ додем, 15 май бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор гардид, ки дар он оилаи Саидвалӣ Тоиров аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоиза гардид.

Саидвалӣ Тоиров ҳунарманд, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар айни замон декани факултети санъати мусиқии мардумии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва ҳамсараш Сайёра Раҳмонзода омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ноҳияи Фирдавсӣ мебошад.

Онҳо соҳиби 6 фарзанд ва 8 набера мебошанд. Ҳамаи фарзандон соҳибмаълумот буда, дар сохторҳои гуногуни мамлакат фаъолият доранд.

Сайёра Раҳмонзода Аълочии маорифи Тоҷикистон буда, беш аз 30 сол мешавад, ки ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст. «Чун ман омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ҳастам, кӯшиш менамоям, ки мактаббачагонро аз рӯзи аввали хониш ба соҳибилм гаштан ва таълиму тарбияи хуб гирифтан роҳнамоӣ намоям»,-мегӯяд Сайёра Раҳмонзода.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, «нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни мамлакатро муаллимон ташкил менамоянд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад». Аз ин рӯ, мо, омӯзгорон суханҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, барои бунёди ҷомеаи солим кӯшиш менамоем, то дар таълиму тарбияи насли солим саҳми арзанда дошта бошем. Зеро ҷомеаи солим аз оилаи солим ибтидо мегирад. Барои оиларо солим нигоҳ доштан, пеш аз ҳама, фарзандон бояд солим бошанд.

Писари дуюми хонадон Фурқат Тоиров Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, навозандаи оркестри симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ соли 2024 барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» гардид.

Шавқ доштан ба санъати навозандагӣ, хусусан ба навохтани ғижжак ба Фурқат имкон дод, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар номинатсияи навозандагӣ пирӯз гардид.

«Падарам, ки санъаткор аст, ман низ касби падарро интихоб кардам ва аз ин пушаймон нестам. Хурсанд аз онам, ки дар ҷодаи санъат Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоям»,-иброз дошт Фурқат Тоиров.

Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлол нақши оила хеле бузург аст. Яке аз далелҳо- иқдоми пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» мебошад. Маҳз бо шарофати иқдоми созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати соҳибистиқлоли мо рӯз ба рӯз зебою шукуфон ва сатҳи худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа боло рафта, оилаҳо дар фазои тинҷию оромӣ зиндагонӣ доранд. Ҳамзамон дар ҷавоб ба ин дастгириҳои давлату Ҳукумат талош бар он менамоянд, ки насли оқилу доно ва ватандӯст тарбия намоянд. Зеро эҳтиром ба давлату миллат аз оила оғоз меёбад.

Бояд гуфт, ки барои ғолиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» гардидани оилаи Саидвалӣ Тоиров маҳз саҳми босазо гузоштан дар тарбияи фарзандон ва дар ниҳоди онҳо парваридани меҳри беандоза нисбат ба Ватани азиз-Тоҷикистон мусоидати фаъол намудааст. Зеро фарзандон соҳибмаълумот буда, дар дохил ва хориҷи мамлакат фаъолият доранд.

Сарвари ин хонадон ҳамроҳ бо ҳамсараш пайваста фарзандонро дар руҳияи дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба рамзҳои муқаддаси миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлату миллат, ҳифзи марзу буми мамлакат тарбия менамоянд. Зеро онҳо рисолати баланди шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ ва оиладориро дар эҳтиром ба давлату миллат аз оила медонанд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли дуюм аст, ки дар мамлакат гузаронида мешавад.

Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии фарҳанги оиладорӣ, таҳкими оила, бунёд ва мустаҳкамсозии муносибатҳои оилавӣ дар заминаҳои муҳаббату эҳтироми якдигар, баланд бардоштани масъулияти оила дар тарғиби фарҳанги оиладорӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу уҳдадориҳои оила дар иҷрои рисолати иҷтимоишавии шахс дар муҳити оила, пешгирии пошхӯрии оила, махсусан оилаҳои ҷавон, пешгирии никоҳҳои бармаҳалу хешутаборӣ ва пешгирии ҳолатҳои дахолати беасоси шахсони сеюм ба муносибатҳои оилавӣ гузаронида мешавад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 17, 2025 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, рагу дил, ҷигар ва талхадон муфид аст
Тоҷикистон чун давлати дорои захираҳои бузурги об ва пирях дар масъалаи ҳифзи обу пиряхҳо нақши муҳим дорад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Волидайн ва масъулин барои бофароғат ва самаранок гузаронидани он чӣ гуна омодагӣ мебинанд?
Дар мавзуи мубориза бо коррупсия барои ҷавонон дарси кушоди омӯзишӣ баргузор гардид
Гурӯҳи кории Хадамоти иҷро бо фаъолият ва шароити кории иҷрочиёни шаҳру ноҳияҳои Суғд шинос гардид
Тоҷикистон ба ҳайати Комиссияи панаврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои иқлим ва тандурустӣ дохил шуд
Оилаи Саидвалӣ Тоиров аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни «Оилаи беҳтарин» гардид
Нақши осорхонаҳои таърихӣ дар тарбияи ватандӯстии насли наврас чӣ гуна аст?
15 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИҚЛИМ. Ҳифзи иқлими сайёра ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳоро тақозо менамояд
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУ САДОҚАТ». Таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Бунёди ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз яке аз масъалаҳои муҳими оила аст
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст карда мешавад