Барои зарардидагони офати табиии ноҳияи Рашт ва Тоҷикобод Маркази саломатӣ сохта мешавад

Май 3, 2025 10:48

ДУШАНБЕ, 03.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳалли нави истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод сохтмони Маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ идома дорад.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар деҳаи Зарангаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт сохтмони бунгоҳи тиббӣ оғоз гардид. Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Ғуломони ноҳияи Тоҷикобод сохтмони   Маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ ҷараён дорад.

Ёдовар мешавем, ки 13 апрел, соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар километри 160-уми самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва километри 21-уми самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Хотиррасон менамоем, ки аз рӯзҳои нахустини ба амал омадани заминларза дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва тадбирҳои расонидани кумакҳои фаврӣ ба мардуми зарардида таҳти назорат ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Аз ҷумла, 15 апрел дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳо, иборат аз маҳсулоти хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуда буд.

Ҳамзамон 17 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳарчи зудтар ва пурра рафъ намудани оқибатҳои ин заминларза, ҳалли мушкилиҳои пешомада ва бо ёрию ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифтани аҳолии осебдида ба Комиссияи ҳукуматӣ, мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазорату идораҳои дахлдор талаб намуданд, ки барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани раванди таълим, ба табобати саривақтӣ фаро гирифтани нафарони ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, назорати қатъии ҳолати санитарию эпидемиологии минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида ва сари вақт таъмин кардани сокинон бо маводи доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд. Таъкид гардид, ки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва раванди таълиму тарбияи хонандагон, аз ҷумла дар ҷойҳои муваққатӣ бояд бемонеа идома ёбад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 3, 2025 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд