БЛОГЕРОНИ ТОҶИК НИЁЗ БА ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ДОРАНД! Ва ё насли наврас аз шабакаҳои иҷтимоӣ ё рафтору гуфтори блогерон чӣ меомӯзад?

ДУШАНБЕ, 02.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Забони тоҷикӣ давоми ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, давлату Ҳукумати мамлакат баҳри пойдорӣ ва рушди устувори он пайваста тадбир меандешад. Вале вақтҳои охир ҳолатҳое ба назар мерасад, ки фарҳанги гуфтор дар забони шевои тоҷикӣ аз ҷониби баъзе истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё блогерон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронкунанда мебошад. Сабаб дар чист, ки имрӯз блогерони тоҷик ба ҷойи муаррифии забони шевои модарӣ бештар калимаҳои қабеҳу дағалро истифода мебаранд? Ва ё чӣ бояд кард, то насли наврасу ҷавон дуруст ҳарф заданро омӯзад?
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ одитарин қоидаҳои забони давлатиро риоя намекунанд
Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ одитарин қоидаҳои забони давлатиро риоя накарда, бештар наворҳое паҳн месозанд, ки дар онҳо суханҳои қабеҳу дағал ва кӯчагӣ истифода шудаанд, ки ба забон овардани онҳо таассуфовар аст. Ба назари забоншиносон, чунин ибораҳои дағалу зиёновар ҳарчанд бар зиёни ҷомеа ҳастанд, аммо ба таври ғайричашмдошт паҳн мегарданд.
Тавре забоншинос, корманди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Зулфониён иброз намуд, бо забони адабии меъёр сухан кардан ва ин гавҳари бебаҳоро дар муошират ба кор бурдан ифтихори ҳар фарди соҳибзабон аст. Он моро бо як забони умумиятдор ва барои ҳамаи соҳибзабонон фаҳмо ба ваҳдати забонӣ наздик менамояд.
«Аз забони блогери тоҷик маслиҳату сухани муфидро шунидан хушнудии шунавандаро афзун намуда, лаҳну гуфтор ва муоширати соҳибзабононро пайваста рушд дода, мукаммал менамояд. Вале гоҳо мо бо блогероне дучор мегардем, ки ҳангоми муоширату суханронӣ ва навишташон на аз вожаҳои нобу пурмаънию беғалат, балки аз калимаҳои қабеҳу жаргонҳои бегонаю ғайримеъёрӣ истифода мебаранд, ки ин аз камдонишии он блогер ё соҳибзабон дарак медиҳад ва ниёз ба омӯзиши забони модарӣ доштани ӯро ошкор менамояд», — афзуд Раҳим Зулфониён.
Истифодаи ибораҳои қабеҳ аз забони блогерон
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки барои зиёд намудани шумораи обуначиён блогерон имрӯзҳо аз тамоми роҳу воситаҳо истифода менамоянд. Яке аз ин воситаҳо истифода намудани калимаҳои дурушту дағал ҳангоми гуфторашон мебошад. Аз ҷумла, дар гуфтори баъзе аз онҳо калимаҳои омехта аз ҳар забон, ба монанди «кокс те аз ин ҷо» ба маънои аз ин ҷо рав, «дакладовать кун» ба маънои шарҳ деҳ, «интересний нестай» ба маънои ҷолиб нест ва калимаву ибораҳои кӯчагии «э, ма наём», «хит кн гапа», «бги дега» ва дигар калима ва ибораҳои қабеҳу ғайримантиқӣ, ки ба забон овардани онҳо ғайриимкон низ мебошад, ҷой доранд.
Таассуфовараш он аст, ки имрӯз баъзе наврасону ҷавонон ба чунин блогерон тақлид намуда, дар кӯчаю хиёбонҳо ё ҷойҳои ҷамъиятӣ ин ибораҳоро истифода мебаранд. Чунин суханҳои қабеҳ ба рафтору гуфтори наврасону ҷавонон таъсири манфӣ расонида, дар оянда ба рафтор ва сухангӯии онҳо таъсир мерасонад. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро имрӯз мушкилоти забонӣ дар нутқу муоширати баъзе блогерони тоҷик бештар ба мушоҳида мерасад?
Вобаста ба ин забоншинос Раҳим Зулфониён иброз намуд, ки забони адабиро надонистани насли наврасу ҷавони мо, албатта, аз фориғболию мутолиа накардани китобҳои бадеӣ аз осори безаволи ниёгонамон сарчашма мегирад. Мо имрӯз бояд ба ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи бештар диҳем. Пойдории забон на гуфтугӯйи содаву бо якдигар бо ҳар роҳу усул ва бо забони махлут муошират кардан аст, балки дар ин маврид мо бояд ба тозагии забони модарӣ диққати аввалиндараҷа дода, савтиёт ва меъёри дурусту қолаби гуфтору навишторро риоя намоем.
«Ҳамзамон ҳар соҳибзабон бояд, ки бо фарҳангномаҳои соҳавӣ ошно гардад. Дар ин ҳолат як дараҷа вазъи мушкилоти корбурди истилоҳоти соҳавӣ бартараф гардида, он ба низоми муайян медарояд. Барои ин имрӯз моро зарур аст, ки пайваста китобҳои бадеиро бо забони тоҷикӣ мутолиа кунем, то бо фарҳанги баланди суханварӣ ва суҳбати дилкашу судманди хеш байни мардум обрӯю эътибори баланд касб намоем», -изҳор дошт Раҳим Зулфониён.
Блогерон бояд симои маънавии ҷомеа ва намуна бошанд
Ба иттилои ҷомеашиносон, блогерон дар баробари дигар зиёиён ва эҷодкорон симои маънавии ҷомеа ба ҳисоб рафта, бояд дар пок нигоҳдории забон ва фарҳанги миллӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ саҳми муносиб гузоранд. Мутаассифона, баъзе аз онҳо имрӯз бо суханҳои пастмазмуну ғайриахлоқӣ худро машҳуру маъруф ҳисобида, забону фарҳанги волои моро коста мегардонанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки бо чунин роҳу восита наметавон дар байни ҷамъият то дер маъруфу писандида боқӣ монд.
Чаро мардум ба саҳифаҳои дағалгуфторон бештар ворид мешаванд?
Ба андешаи директори Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон Бахтиёр Маҷидов, наворҳои пастмазмуну дорои дағалгуфторӣ беэҳтиромӣ нисбат ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ба шумор рафта, ба зеҳну афкор ва маънавиёти ҷомеа халал ворид месозанд. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки мардум ба саҳифаҳои нафароне, ки дағалгуфторӣ мекунанд, бештар обуна мешаванд. Ба андешаи мо, ин аз як тараф аз маърифати пасти онҳо дарак диҳад, аз ҷониби дигар, ҳамеша дар фикри хархашаю муноқишаи лафзӣ будани онҳоро нишон медиҳад.
Фаъолияти блогерон бояд тибқи талаботи қонуни забони давлатӣ амалӣ шавад
«Аз ҷониби Ассотсиатсия чандин маротиба байни чунин блогерони кӯчагӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба дағалгуфторию рафторҳои ноҷояшон гузаронидем, вале натиҷа ҳамон аст, ки ин гуна нафарон барои ислоҳи худ кӯшиш намекунанд. Барои ин як лоиҳаи қонун ҳам таҳия шуда буд, ки яке аз бандҳои он ин буд, ки фаъолияти блогерӣ дар Тоҷикистон тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони давлатӣ ба роҳ монда шавад. Яъне блогер ҳангоми пешбурди фаъолият ва махсусан ҳангоми интишори иттилооти садоӣ ва видеоӣ бояд ба забони давлатӣ эҳтиром гузошта, аз истифодаи лаҳҷа, суханҳои дурушт ва таҳқиромез худдорӣ намояд.
Ба андешаи Бахтиёр Маҷидов, дар баробари чунин нафарон блогероне ҳастанд, ки барои манфиати халқу миллати хеш талош менамоянд ва дар фикри пешрафти давлатамон ҳастанд. Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон ва фарҳанги баланди тоҷиконро муаррифӣ менамоянд. Инчунин ҳастанд блогероне, ки наврасону ҷавононро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ водор месозанд, ки амали онҳо ба манфиати давлату ҷомеа мебошад.
Дар наворҳои шабакаҳои иҷтимоӣ бояд синни бинанда нишон дода шавад
Равоншиносон ба он назаранд, ки ҳар як блогер, агарчи ба муддати кӯтоҳ ҳам бошад, аллакай таъсири манфиашро ба насли наврас мегузорад. Тавре равоншинос, декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хуҷамурод Сафарализода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, имрӯз фарогирии шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ гардида, шумораи истифодабарандагони ин шабакаҳо низ вобаста ба рушди технологияҳои иттилоотӣ, беҳтар шудани суръати интернет ва дастрас шудани ин технологияҳо ба қишрҳои гуногуни ҷомеа афзун мегардад.
«Ин аз як ҷониб хуб аст, зеро тавассути ин шабакаҳо мардум аз хабару навгониҳои илми ҷаҳонӣ хабардор мешаванд, аз ҷониби дигар, истифодаи ин шабакаҳо паҳлуҳои манфӣ низ дорад. Дар бештари давлатҳои дунё барои истифодабарандагони ин шабакаҳо стандартҳои махсус қабул шудаанд. Масалан, дар бисёре аз шабакаҳои телевизионӣ дар як гӯша синну соли тамошобин сабт шудааст. Масалан +12, +16 нишон дода шудааст, ки ин нишонаи риояи синну соли тамошобин буда, тамошои ин филм ё барнома ба навраси аз 12-16-сола поён иҷозат дода нашудааст. Нишон додани рамзи синну сол дар ин наворҳо маънои онро дорад, ки дар онҳо саҳна ё суханоне, ба монанди дағалгуфторӣ, майнӯшӣ ва дигар амалҳои ба ин синну соли наврасон номувофиқ ҷой доранд. Аз ин хотир аз ҷониби шабакаҳо дар навор барои волидон огоҳӣ ҷой карда шудааст. Истифодаи чунин усул барои ҷомеа боманфиат аст», -гуфт Хуҷамурод Сафарализода.
Ба андешаи Хуҷамурод Сафарализода, имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн мешаванд, ки тарғибгари фарҳанги оммавӣ, лафзи шевагӣ ва рафтору гуфтору амалкардҳое ҳастанд, ки ба ҷомеаи мутамаддин хос нестанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар аз ҳама наврасону ҷавонон қарор доранд ва мутаассифона, шавқу завқи онҳо ба чунин наворҳо бештар аст. Зеро наврасону ҷавонон кунҷкованд ва мехоҳанд наворҳои ғайриодиро бубинанд. Аз ин истифода бурда, блогерон чунин саҳнаҳои нохушоянду ғайриахлоқиро паҳн мекунанд, зеро ҳадафи онҳо бештар намудани шумораи обуначиён мебошад. «Дар илми психология ва сотсиология як воқеият ошкор шудааст, яъне нафароне, ки вақти зиёди худашонро барои тамошои наворҳои блогерони кӯчагӣ ё ғайрикасбӣ сарф менамоянд, хавфи ба тафаккури «клипӣ» дучор шудан доранд. Тафаккури «клипӣ» мафкурае мебошад, ки ба тамошои наворҳою дидани саҳнаҳои кӯтоҳу яклаҳзаина равона шудааст. Чунин нафарон дигар тоқати соатҳо нишастану китоб хондан, дар театрҳо нишастану барномаи театрӣ тамошо кардан, тамошои барномаҳои телевизионӣ ва ҳатто дар дарс нишастанро надоранд», -изҳор медорад равоншинос.
Ҷомеа бояд фарҳанги истифодаи шабакаи иҷтимоиро омӯзад
Ба андешаи Хуҷамурод Сафарализода, имрӯз шабакаҳои иҷтимоие, ки бе назорат аз ҷониби наврасон истифода мешаванд, ба раванди таълим ва касбомӯзӣ таъсири манфӣ мерасонанд. «Вақти он расидааст, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои хонандагони мактабҳои миёна пурра дастнорас карда шавад. Ин масъала бояд аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан волидайн дастгирӣ ёбад. Дар муассисаҳои олӣ низ барои донишҷӯёни соли аввал дарси махсус дар бораи фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ таълим дода шавад. Ҳар нафар бояд фарҳанги истифодаи шабакаи иҷтимоиро омӯзад, зеро истифодаи нодурусти он боиси беҳуда сарф намудани вақт мегардад. Рушду такомули инсон аз истифодаи самараноки вақт вобастагӣ дорад. Мутаассифона, имрӯзҳо аз 3 то 5 соати наврасону ҷавононе, ки беназорат аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ бархурдоранд, ба тамошои наворҳои бемантиқу бемазмун ва бадахлоқона сарф мешавад, ки ин барои ҷомеа хавфу хатари зиёд дорад», -мегӯяд равоншинос.
Ҷомешиносон ба он назаранд, ки қабули қонун дар бораи фаъолияти блогерӣ ва назорати ҷиддӣ яке аз роҳҳои асосии пеш гирифтани ин мушкилӣ ба шумор меравад.
Ба андешаи забоншинос Раҳим Зулфониён, дар малакаи забондонии мутахассисони оянда маҳз қобилияти сухандонӣ заминаи боэътимод мегузорад. Ин ҳолат барои дар руҳияи худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ тарбия ва ба воя расидани фарзандон, насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳамчун ояндаи пурифтихорамон таъсир мегузорад. Бо ин иқдом мо инсони комилу соҳибхирад офарида, аз харобии луғавӣ, ки имрӯз ба мушоҳида мерасад, дур мешавем ва бо корбурди вожаву истилоҳоти ҷавобгӯ дар роҳи ҳалли мушкилоти суханварӣ ва маданияти нутқамон ба соҳибзабонию маърифати баланди шаҳрвандӣ мерасем. Арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва фарҳанги бебаҳои миллату давлати соҳибистиқлоламон дар шароити имрӯзи ҷаҳонишавӣ вазифаи муқаддаси ҳар фарди соҳибватан аст ва дар роҳи тарбияи бештар ва забондон шудани миллат блогерони мо низ бояд масъулиятшиносу ватандӯст бошанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
Акс аз манбаъҳои боз