Боғдорони ноҳияи Ишкошим ба парвариши чормағз оғоз намуданд
ДУШАНБЕ, 10.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 5 гектар қитъаи замини санглох боғ бунёд намудаанд. Аз 5 ҳазор бех дарахтони ин боғ 400 бехи онро ниҳоли чормағзи «ҳамелӣ» (пӯсттунук) ташкил медиҳад.
Тавре сардори Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Раҷаббек Раҷаббеков ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, чормағзи «ҳамелӣ» аз дигар намудҳои чормағз бо баъзе хусусияташ фарқ дорад. Пӯсти ин навъи чормағз хеле тунук буда, сафеду шаффоф аст ва мағзи он ба хубӣ дида мешавад. Назар ба дигар намудҳои чормағз равғаннокӣ, моддаҳои сафеда ва витамину аминокислотаҳо дар таркиби ин намуд бештар аст. Аз ин рӯ он ба саломатии инсон фоидаи бештар мерасонад. Ин навъи чормағз дар бозор харидорони зиёд дорад. Илова бар ин ин чормағз умри дарозтар мебинад ва ҳосилнокиаш паст намешавад.
Дигар хусусияти фарқунандаи чормағзи «ҳамелӣ» он аст, ки ба иқлими хунуку замини санглох, ки хоси минтақаҳои кӯҳистони мамлакат аст, тобовар мебошад. Бинобар ин соли равон дар ноҳияи Ванҷ як ниҳолхонаи ин навъи чормағз бунёд карда шуд. Дар оянда масоҳати он васеъ карда мешавад. Минбаъд боғдорони ноҳияҳои вилоят ба осонӣ ба ин намуди чормағз дастрасӣ пайдо менамоянд.
Солҳои қабл боғдорони ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин навъи чормағзро парвариш намекарданд, зеро имкони дастрас кардани ниҳоли онро надоштанд. Соли равон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 500 бех ниҳоли чормағзи «ҳамелӣ» ба ноҳияҳои Ванҷу Шуғнон ва Ишкошим дастрас гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Кормандони Хадамоти гумрук дар ноҳияи Варзоб беш аз 17 ҳазор бех ниҳол шинониданд
Дар заминҳои бекорхобидаи теппаҳои деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб боғи намунавӣ бунёд карда шуд
«ШАҲРИ САБЗ». Дар ҳудуди Боғи «Ғалаба» ва ҷангалҳои пойтахт 3,6 ҳазор бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
Дар назди бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарахтони навъи магнолия шинонида шуданд
«ЯК ҶАВОН – ЯК ДАРАХТ». Дар Душанбе иқдоми ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Соли 2026 дар шаҳри Панҷакент дар ҳазор гектар боғ бунёд карда мешавад
Соли 2026 дар шаҳри Ваҳдат беш аз 22 ҳазор бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида мешавад
Дар канори шоҳроҳи Чанок-Душанбе беш аз 5 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе зиёда аз 1000 бех арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Умари Хайём»-и шаҳри Душанбе 300 бех ниҳол шинонида шуд






