Бо мақсади омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ замимаи мобилии «Забондон» таҳия гардид
ДУШАНБЕ, 21.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 барои омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ё забонҳои дигар) аз ҷониби Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе замимаи мобилии «Забондон» таҳия шуда, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Замимаи мобилии «Забондон» бо интерфейси (намунаи) тоҷикӣ пешниҳод шуда, яке аз навовариҳои муҳим дар соҳаи таълими забонҳои хориҷӣ маҳсуб мешавад. Ин барнома ба истифодабарандагони тоҷик имконият медиҳад, ки тавассути дастгоҳҳои мобилии худ забони англисиро ба таври мустақил ва бо усулҳои интерактивӣ омӯзанд.
Ҳадаф аз пешниҳоди он осон ва самаранок кардани раванди омӯзиши забони англисӣ мебошад. Барнома бо истифода аз технологияҳои муосир имконият медиҳад, ки истифодабарандагон малакаи забондонияшонро тақвият бахшанд. Ин ташаббус дар раванди ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии байналмилалии Тоҷикистон нақши муҳим бозида, ба рушди сатҳи маърифатнокии ҷомеа мусоидат менамояд.
Барномаи «Забондон» қадами муҳим дар самти рақамикунонии таҳсил ва истифодаи технологияҳои навин дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба шумор меравад. Бо такя ба имконоти ин барнома истифодабарандагон метавонанд раванди забономӯзияшонро самаранок ва шавқовар гардонанд.
Ташаккули ин замимаи мобилӣ таҳти назорати Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» буда, ҷойгир намудани замима дар App Store низ ба нақша гирифта шудааст.
Барои истифодаи замимаи мобилӣ дар Play Market калимаи Забондонро ҳуруфчинӣ намуда, барномаро дар дастгоҳҳои мобилӣ бояд зеркашӣ намуд.
Пайванди замимаи мобилии «Забондон» дар Google Play чунин аст: https://play.google.com/store/apps/details?id=tj.app.zabonomuz.english&hl=ru
АКС: Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






