Чаро дар Тоҷикистон чангу ғубор бештар ба мушоҳида мерасад?
ДУШАНБЕ, 26.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Танҳо дар моҳи майи имсол дар Тоҷикистон чор маротиба воридшавии чангу ғубор ба қайд гирифта шудааст. Чангбоде, ки ба мамлакат ворид мегардад, сабаби ифлосшавии ҳавои атмосфера мегардад. Ин моддаҳои муаллақ (чанг) аз заррачаҳои андозаашон 10 мкр (Рм-10) ва заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр (Рм-2,5) иборат ҳастанд. Ин матлабро сардори Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносии мамлакат Сангин Самиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.
Иброз карда шуд, ки 30 апрел ба мамлакат чангу ғубор ворид гардид, ки он то 1-2 май боқӣ монд. Инчунин аз 8 то 11 май ва аз 17- 18 май низ дар ҷумҳурӣ чангу ғубор ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин аз 23 то 28 май дар минтақаҳои ҷанубию ғарбии мамлакат хокбориши сусттар пешгӯӣ карда мешавад.
«Солҳои охир бинобар тағйирёбии иқлим дар мамлакат ба вуҷуд омадани чангу ғубор зиёд ба қайд гирифта мешавад. Яке аз омилҳои асосии ин ҳолат паст будани намнокӣ дар биёбонҳо ва нимбиёбонҳои давлатҳои ҳамсояи Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон ва ҳатто биёбони Сахара мебошад, ки боиси ба вуҷуд омадани хокбориш мегардад. Ин чангу ғуборе, ки ба ҳаво паҳн мешавад, ба тариқи шамол ба давлати мо ворид мегардад»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Сангин Самиев иброз дошт, ки 75 фоизи ба вуҷуд омадани чангу ғубор асосан аз ҳисоби омилҳои табиӣ буда, 25 фоизи он ба фаъолияти инсон вобастагӣ дорад.
Ҳамсуҳбати мо дар робита ба ворид шудани чангу ғубор ва муддати дароз боқӣ мондани он иброз намуд, ки «омили боқӣ мондани хокбориш- ин кам будани намнокии ҳаво, набудани бориши борон ва вазиши сусти шамол мебошад. Агар борон борад ва шамол бо суръати баланд вазад, ҳолати ифлосшавии ҳаво аз байн меравад».
Сардори Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносии мамлакат Сангин Самиев ҳамчунин иброз намуд, ки дар минтақаҳои биёбонӣ намнокии ҳаво аз 50 то 60 фоиз паст аст ва дар он ҷойҳо борон намеборад, бинобар вазиши шамол чангу ғуборро дар ҳаво ба самтҳои гуногун паҳн менамояд.
«Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чангу ғубор асосан аз қисмати ҷанубу ғарбӣ ва шимолу ғарбӣ ворид мегардад. Дар таркиби чангу ғубор моддаҳои муаллақ (чанг), заррачаҳои андозаашон 10 мкр (Рм-10) ва заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр (Рм-2,5) мавҷуд мебошанд. Вақте ки заррачаҳои андозаашон 10 мкр (Рм-10) бошад, вобаста ба ҳолати вазнинӣ онҳо дар муддати муайян ба сатҳи замин менишинанд. Заррачаҳои хурд муддати зиёде дар фазо боқӣ мемонанд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Дар Тоҷикистон ҳамасола дар фасли тобистон воридшавии чангу ғубор ба мушоҳида мерасад. Имсол он дар моҳи май бештар ба қайд гирифта шуд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон миқдори чангу ғубор камтар мебошад. Дар шимоли мамлакат бинобар вазиши босуръати шамол чангу ғубор боқӣ намемонад. Аммо дар минтақаҳои ҷанубу ғарбии мамлакат ҳолати ифлосшавии ҳаво бештар мушоҳида мешавад.
Дар шаҳри Душанбе, ки дар доманакӯҳ ҷойгир аст, моҳи май хокбориш бештар ба амал омад. Моҳи майи имсола бо чангу ғубораш ба соли 2023 шабоҳат дорад.
Сангин Самиев иброз медорад, ки дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон барои бартараф намудани ин ҳолат дар шаҳрҳо аз болои ошёнаҳои баланд об мепошанд, яъне муҳитро намнок менамоянд. Барои бартараф намудани ин ҳолат ва пешгирии чангу ғубор одамон бояд бештар дарахт шинонанд, зеро ниҳолу буттаҳо ҳавои муҳитро тоза нигоҳ медоранд. Инчунин маҳали зистамонро бояд бештар сабзазор намоем.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
Президенти Тоҷикистон ба хонаводаи афсари ҷонфидои миллат хонаи истиқоматӣ тақдим намуданд
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи январ чӣ гуна мешавад?
ТОҶИКИЯТ — ЗАМИНАИ ХУДШИНОСӢ. Он шаҳрвандонро ба эҳтироми ҳуқуқҳои фитрӣ даъват менамояд
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
«МАҚОМИ ЗАН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Андешаҳо оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар масофаи 900 метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Бахшида ба он ҳамоиш доир гардид






