Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази иттилоот, инноватсия ва рақамикунонӣ ифтитоҳ гардид

Май 24, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 24.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маркази иттилоот, инноватсия ва рақамикунонӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Марказ дорои 65 ҷойи нишаст буда, бо хати интернети баландсуръат пайваст мебошад. Он ба омӯзгорону донишҷӯён имконият медиҳад, ки дар раванди дарсҳо ба муҳити ташаккули забони омӯхташаванда ворид шуда, бо фарҳангу тамаддун ва заминаи рушди забонҳои хориҷӣ шинос шаванд.

Инчунин омӯзгорони донишгоҳҳои хориҷи мамлакат, ки бо Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ доранд, метавонанд ба таври онлайн ба донишҷӯён ва шунавандагони даврҳои  забономӯзӣ дарс диҳанд.

Минбаъд ба фаъолияти омӯзгорон ва донишҷӯёни ин донишгоҳ пурра аз тариқи электронӣ баҳо гузошта мешавад. Ҳамзамон истифодаи барномаҳои автоматикунонида ба сарфаи вақт, кам кардани хароҷот ва аз байн бурдани омилҳои субективӣ мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030-ро Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд.

Маркази иттилоот, инноватсия ва рақамикунонии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар асосои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз намуд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Май 24, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид