Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ва ҳалли мушкилоти экологӣ конференсия доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 май дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо: ҳалли мушкилоти экологӣ ва таъмини рушди устувор» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.
Иброз гардид, ки тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мегардад. Сабаби асосии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо дар сайёраи Замин- ин партови газҳои гулхонаӣ мебошад. Тибқи таҳқиқоти анҷомдодаи мутахассисони соҳа, дар асри гузашта 30 дарсади пиряхҳои ҷумҳурии мо аз байн рафтаанд.
Дар бахшҳои дигари конференсия муҳаққиқону омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотиашон маъруза намуданд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»






