Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Шурои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Дашанбе ҷаласаи панҷуми Шурои ҷамъияти назди Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Сардори Хадамоти муҳоҷират Иматшо Нодирзода иброз намуд, ки ҷаласа ҳамчун платформаи калидӣ барои муколамаи фарогир байни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ хизмат менамояд. Дар он масъалаҳои муҳими соҳа ва омода намудани ҷавонони соҳибкасб мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо яке аз вазифаҳои муҳими давлат маҳсуб мешавад. Барои соҳибкасб намудани сокинон Вазорати меҳнат, муҳиҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муасирро амалӣ менамояд. Зеро имрӯз талабот ба кадрҳои коргарии баландихтисос ва донандаи забонҳои хориҷӣ бештар гардидааст.
Дар мамлакат барои омода намудани кадрҳои баландихтисос ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти корфармоён бо қувваи корӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд кумитаҳои соҳавии соҳаҳои саноат, сохтмон ва энергетика, инчунин 21 кумитаи машваратии соҳавӣ ва 8 маркази захиравӣ дар назди литсейҳои касбии техникӣ таъсис дода шудаанд. Ин ба боз ҳам тақвият додани корҳо бобати омода кардани мутахассисони варзида, таъмин намудани ин соҳаҳо бо кадрҳои коргарӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани хатмкардагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мусоидат менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба масъалаи дастгирии ҷавонон ҳамчун қишри ояндасози ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки «аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо яке аз вазифаҳои муҳим мебошад. Барои ҳалли ин масъала вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дигар вазорату идораҳои марбута бояд барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисосро аз ҳисоби ҷавонон таҳия ва амалӣ намоянд».
Дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони ташкилоти байналмилалӣ низ оид ба масъалаҳои муҳими соҳа ибрози андеша намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






