Дар Душанбе бахшида ба 1155-солагии олими бузурги тоҷик Абумансури Мотуридӣ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 02.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 майи соли равон бахшида ба 1155-солагии олими бузурги тоҷик, бунёдгузори мактаби каломи Мовароуннаҳр Абумансури Мотуридӣ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад. Ҳамоиши илмӣ дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиши илмӣ иштироки намояндагони вазорату идораҳо, олимону донишмандон ва ходимони дини мамлакат, инчунин олимону мутахассисон ва коршиносон аз хориҷи ҷумҳурӣ ба тариқи маҷозӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамоиши илмӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо , вазоратҳои маориф ва илм, корҳои хориҷӣ, кумитаҳои дин ва танзими ҷашну маросим, телевизион ва радио, Академияи миллии илмҳо, Донишкадаи исломӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор карда мешавад.
Шайх Абумансури Мотуридӣ яке аз чеҳраҳои шинохтаи мазҳаби ҳанафӣ дар ҳавзаи Мовароуннаҳр ва берун аз он маҳсуб шуда, дар Мотурид, ки яке аз деҳаҳои Самарқанд аст, таваллуд шудааст. Дар маъхазҳои таърихӣ дар бораи соли таваллуди Мотурдӣ маълумоти тахминӣ оварда шудааст. Масалан, маълум аст, ки ў дар замони халифаи Аббосӣ Мутаваккил (232-247ҳ.) зиндагӣ кардааст. Инчунин, бо назардошти он ки аз устодоне чун Муҳаммад ибни Муқотили Розӣ (ваф. 248 ҳиҷрӣ) ва Носир ибни Яҳёи Балхӣ (ваф. 268 ҳ.) таълим гирифтааст, метавон гуфт, ки соли таваллуди Шайх дар ҳудуди солҳои 238 ё 248-уми ҳиҷрӣ будааст. Номи пурраи ӯ Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Маҳмуди Мотуридии Самарқандӣ аст.
Абўмансури Мотуридӣ аз устодон ва донишмандони зиёде, ки худи онҳо шогирдони Имоми Аъзам Абўҳанифа будаанд, дарс омўхтааст. Муътамадтарин маълумот дар бораи санаи вафоти ў соли 333-уми ҳиҷрӣ мебошад, ки ба соли 944-уми милодӣ рост меояд.
Абумансури Мотуридӣ дар тўли ҳаёти пурбаракати худ мазҳаби ҳанафиро ривоҷу равнақ дода, дар баробари ин шогирдони бисёреро ба воя расондааст. Асарҳои ӯ дар китобхонаҳои Миср, Макка, Димишқ, Ҳиндустон, Туркия ва Тошканд маҳфуз мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид






