Дар Душанбе барои занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз ёфт

Май 1, 2025 14:45

ДУШАНБЕ, 01.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 30 декабри соли 2024 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2025» ва татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» дар шаҳри Душанбе барои занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз гардид.

Тавре аз Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба ин даври омӯзишӣ 50 нафар занону ҷавондухтарон ҷалб гардиданд.  Ба касбомӯзон ҳунармандони чирадаст муддати як моҳ дар Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳунарҳои дӯзандагӣ ва қаннодӣ меомӯзонанд.

Ҳунару ҳунармандӣ рукни асосии фарҳанги миллӣ буда, волотарин дастоварди аҳли башар мебошад, ки дар доираи фаъолият, кору рӯзгор, суннату анъанаҳои миллӣ мақому манзалати ҳар миллатро муайян ва мартабаи давлатро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз соли 2017 амалӣ шуда, дар ин муддат беш аз 901 нафар занону ҷавондухтарон аз оилаҳои ниёзманди пойтахт ҳунарҳои қаннодӣ, зардӯзӣ, дӯзандагӣ, попурдӯзӣ ва қолинбофию гулдӯзиро омӯхтанд.

Ҳадафи асосии  омӯзиш соҳибкасб гардонидани занону духтарони хонанишин, эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонавода, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва бо ҷойи нави кор таъмин намудани занону духтарон мебошад.

АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Май 1, 2025 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад