Дар Душанбе намоиши ҷойи кор ва вазифаҳои озод доир шуд

Май 1, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 01.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе намоиши калони ҷойи кор ва вазифаҳои озод бо пешниҳоди талаботи корфармоёни дохилӣ ва хориҷи мамлакат, инчунин имконияти касбомӯзӣ аз рӯйи ихтисосҳои ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ ҷавобгӯ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Намоиши калони ҷойи кори холӣ ба Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон (1 май) бахшида шуд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода иброз намуд, ки  мақсади ин рӯз ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, мусоид гардонидани шароити меҳнат, муҳайё намудани фазои корӣ ва расидан ба зиндагии шоистаи меҳнаткашон мебошад.

Намоиши ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод бо фарогирии васеъ ва пешниҳоди ҷойи кори холӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва дархосту талаботи корфармоёни хориҷӣ ва ватанӣ доир гардид. Инчунин дар он имконияти омода намудани мутахассисон, яъне ташкили касбомӯзӣ ва забономӯзӣ тибқи талаботи бозори меҳнат, бахусус корфармои хориҷӣ пешниҳод гардид.

Дар намоиш аз ҷониби 100 корхонаи ҷумҳурӣ ва берун аз он зиёда аз 4 ҳазор ҷойи кори холӣ ба шаҳрвандони корҷӯ ва нафароне, ки хоҳиши иваз кардани ҷойи кор ё пайдо намудани кори беҳтарро доранд, пешниҳод гардид.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Май 1, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд