Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид

Май 10, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 10.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар вилояти Хатлон вобаста ба  амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ»  ҷаласа баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар ҷаласа аз масъулини гурӯҳҳои кории шаҳру ноҳияҳои вилоят даъват шуд, ки зимни пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо зарурати риояи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим», тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зист, ҳамчунин сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ба сокинон фаҳмонида шавад.

Амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» бо ҷалби сохтору идораҳои давлатӣ ва фаъолони маҳал ҷараён дошта, пеш аз ҳама тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа мебошад, ки аз талаботи асосии  амалисозандаи раванди ислоҳоти милитсия маҳсуб мешавад.  Ҳадафи дигари  ин чорабинӣ пешгирӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқуқӣ, сохтмони ғайриқонунӣ, савдои кӯчагӣ, муноқишаҳои оилавӣ, унсурҳои бегонапарастӣ, оворагардӣ ва беназоратии  наврасон мебошад.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи  дарёфти роҳҳои таъсирбахши  тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, таҳкими худшиносию худогоҳии насли наврас, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, аз байн бурдани зуҳуроти  халалдоркунандаи тартиботу оромии ҷомеа ва тамоюли хурофотпарастию бегонапарастӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон

Май 10, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд