Дар қисматҳои баландкӯҳи ноҳияи Рашт кишти картошка идома дорад

Май 13, 2025 10:58

РАШТ, 12.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз дар хоҷагиҳои ноҳияи Рашт дар 1181  гектар картошка кишт карда шудааст. Дар сохтори кишоварзии ноҳияи Рашт дурнамои кишти картошка 1630 гектар буда, кишоварзони ноҳия  кӯшиш доранд, ки нақшаи кишти картошкаро сари вақт иҷро намоянд. Ҳамчунин сокинони ноҳияи Рашт барои самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ дар 1850 гектар замини наздиҳавлигӣ картошкаи барвақтӣ кишт намудаанд. Имрӯзҳо дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, воқеъ дар қисматҳои баландкӯҳи ноҳия кишти картошка идома дорад.

Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд корманди шуъбаи кишоварзии ноҳияи Рашт иттилоъ дод, имсол 90 фоизи деҳқонони ноҳия навъҳои картошкаи “Тоҷикистон-24” ва “Покистон” кишт намудаанд. Чунки ин  навъи картошка ба муҳити ноҳия созгор буда, ҳосили фаровон медиҳад.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 50 тонна картошка кумак намуд.

Имсол 357 техника ва  механизми кишоварзӣ ба сари вақт кишт намудани картошка равона шудаанд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Май 13, 2025 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад