Дар Маҷлиси намояндагон фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд

Май 21, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон, узви Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ нахустин ҷаласаи вакилони аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Зимни ҷаласа фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар ҷаласа Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки вакилони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакат кӯшиш ба харҷ дода, тамоми неруи касбию ихтисосии худро ба таҳкими низоми қонунгузории ҷумҳурӣ равона менамоянд.

Таъкид гардид, ки мақоми ҳуқуқии Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 52 — 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бандҳои 105-106 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бандҳои 8 ва 58  Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда шудааст.

«Зарурати таъсиси Фраксия, пеш аз ҳама, барои фаъолияти дастҷамъона ва изҳори мавқеи ягонаву ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба масъалаҳое, ки Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд, амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳои Барномаи пешазинтихоботии ҳизб асоснок карда мешавад», — изҳор намуд Мавсума Муинӣ.

Бо қарори ҷаласаи Фраксия мутобиқи бандҳои 105, 106, 110 ва 114-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи бақайдгирӣ пешниҳод гардиданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд