Дар Маҷлиси намояндагон фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон, узви Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ нахустин ҷаласаи вакилони аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Зимни ҷаласа фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар ҷаласа Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки вакилони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакат кӯшиш ба харҷ дода, тамоми неруи касбию ихтисосии худро ба таҳкими низоми қонунгузории ҷумҳурӣ равона менамоянд.
Таъкид гардид, ки мақоми ҳуқуқии Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 52 — 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бандҳои 105-106 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бандҳои 8 ва 58 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда шудааст.
«Зарурати таъсиси Фраксия, пеш аз ҳама, барои фаъолияти дастҷамъона ва изҳори мавқеи ягонаву ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба масъалаҳое, ки Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд, амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳои Барномаи пешазинтихоботии ҳизб асоснок карда мешавад», — изҳор намуд Мавсума Муинӣ.
Бо қарори ҷаласаи Фраксия мутобиқи бандҳои 105, 106, 110 ва 114-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи бақайдгирӣ пешниҳод гардиданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид






