Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаҳои гурӯҳи кории AFI, DFSWG ва FISPLG баргузор шуданд

Май 14, 2025 10:21

ДУШАНБЕ, 14.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон «Маҷмааи Хуталон»  ҷаласаҳои ду гурӯҳи кории Алянс барои фарогирии молиявӣ (AFI) — хизматрасонии молиявии рақамӣ (DFSWG) ва стратегияи фарогирии молиявӣ (FISPLG)  бо иштироки намояндагони бонкҳои марказии давлатҳои аъзои AFI ва мақомоти идоракунии соҳаи молия оғоз гардиданд. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода баргузории ҷаласаҳоро платформаи муҳим барои мубодилаи таҷриба ва ҳамкории байналмилалӣ унвон карда, изҳор дошт, ки «барои мо шарафи бузург аст, ки мизбони ин чорабинии муҳимми сатҳи байналмилалӣ ҳастем. Зеро мавзуъҳои мавриди баррасӣ, яъне густариши хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва таҳкими стратегияи фарогирии молиявӣ ҷузъи муҳимми рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд».

Тоҷикистон аз замони дохил шудан ба AFI соли 2011 дар самти фарогирии молиявӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ислоҳоти густурда, муосирсозии бахши молия, густариши рақамикунонӣ ва дастгирии фарогирӣ, хусусан барои занон, ҷавонон ва гурӯҳҳои осебпазир самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ маҳсуб мешаванд. Фарогирии молиявӣ имрӯз василаи муҳимми зиёд намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати молиявӣ, рушди устувор, беҳбуди муҳити тиҷоратӣ, таҳкими ҳимояи иҷтимоӣ ва рушди захираҳои инсонӣ ба ҳисоб рафта, мубодилаи донишу таҷриба оид ба бунёди низомҳои фарогир ва устувори молиявӣ барои рушди ҳамкории минтақавӣ, навовариҳои техникӣ ва татбиқи амалии онҳо аҳаммияти калон дорад.

Директори барномаҳои сиёсат ва ташаббусҳои минтақавии AFI Элики Болетава дар хусуси дастовардҳои кишварҳои аъзо дар самти дастрасӣ ба фарогирии молиявӣ изҳор дошт, ки ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ имкон медиҳанд, ки иштирокдорон бо таҷрибаи ҳамдигар аз наздик шинос гардида, барои бунёди низомҳои фарогир ва устувори молиявӣ дар кишварҳои худ аз амалияи пешрафта ва навовариҳои муосир истифода баранд.

Дар ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории AFI дар баробари заминагузорӣ ба таҳкими ҳамкорӣ, рушди сиёсати фарогирии молиявӣ ва густариши хизматрасониҳои рақамӣ байни кишварҳои аъзо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъоли шабакаи байналмилалии фарогирии молиявӣ муаррифӣ намуданд.

AFI иттиҳоди пешрафтаи ҷаҳонӣ дар соҳаи таҳияву татбиқи сиёсати фарогирии молиявӣ буда, фаъолияти он ба пешбурди сиёсати фарогирии молиявӣ дар кишварҳои аъзо равона гардидааст. Бонки миллии Тоҷикистон аъзои ҳашт гурӯҳи кории AFI мебошад. Гурӯҳҳои кории AFI дар самти омори фарогирии молиявӣ, стандартҳои байналмилалии назорат, омӯхтани таҷрибаи байналмилалӣ дар таҳия ва татбиқи стратегияҳои миллии фарогирии молиявӣ, хизматрасонии молиявии рақамӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, дастрасӣ ба маблағгузории соҳибкории хурду миёна ва маблағгузории “сабз” фаъолият мебаранд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Май 14, 2025 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст