Дар мулоқот бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ тақвияти низоми молиявӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи барномаи «Тақвияти низоми молиявӣ дар Тоҷикистон – марҳилаи II» муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ — роҳбари бахши молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Пиетро Каличе мулоқот намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкориро, ки ба таҳкими устуворӣ, шаффофияти низоми молиявӣ ва густариши фарогирии молиявӣ дар мамлакат равона шудаанд, баррасӣ намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар доираи татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ ба ташкили веб-портали ягона барои муқоисаи нархҳо ва шароити хизматрасониҳои молиявӣ, ки ба таҳкими ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, рушди муҳити рақобатпазир дар бахши бонкдорӣ ва боло бурдани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ мусоидат менамояд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Зимни мулоқот нақшаи минбаъдаи омодасозии дастурамалҳои методӣ барои ташкилоти қарзии молиявӣ оид ба интиқол ва навсозии маълумот, озмоиши платформаи мазкур бо иштироки ҷонибҳои манфиатдор, инчунин тавсеаи малакаи касбии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар шароити гузариш ба рақамикунонии бахши молия муҳокима гардид.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1121 сомонӣ муқаррар гардидааст
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард






